Гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистону Қирғизистон, ки бо иштироки фармондеҳи Неруҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошаев ба хотири ба эътидол овардани вазъ дар сарҳади ҳарду кишвар, субҳи имрӯз дубора оғоз шуда буд, ба итмом расид, вале ҷонибҳо ба мувофиқа нарасидаанд.
Хабарнигори “Азия-Плюс”, ки дар ҷойи ҳодиса қарор дорад, хабар медиҳад, ки дар натиҷаи музокироти имрӯза ягон протоколи муштарак ба имзо нарасид ва аз ин рӯ, музокироти баъдӣ ба пагоҳ, 29 январ гузошта шуд.
Ин музокирот, имрӯз яке аз қаҳвахонаҳои ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара баргузор шуд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, дар ҷамоати Чоркуҳи Исфара Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва Қамчибек Тошиев сари мизи музокирот нишаста буданд. Аз шоми дирӯз то кунун ин дувумин гуфтушуниди ҷониби Тоҷикистон ва Қирғизистон аст.
Баъзе аз тавофуқоте, ки дар музокироти шабона ҳосил шуда буд, аз ҷумла ба қароргоҳи доимияшон бурдани неруҳои ду тараф ва такшили комиссияи муштарак аз ҳисоби сохторҳои низомӣ ва додситонӣ, дигарбора рӯйи он таъкид шудааст. Ҳамчунин ифоқа шудааст, ки дар марз танҳо марзбонон ва кормандони пулис боқӣ мемонанд.
Ҳамчунин ваъда шудааст, ки баргашти беҷошудагон ба хонаҳояшон таъмин мешаваду ҳамаи роҳҳои масдудшуда ва хаттҳои барқ дубора барқарор мешаванд.
Шаби 27-28 январ низ раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ҳамроҳ бо сардорони раёсатҳои амният ва корҳои дохилӣ ва Бодканди Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар марзи ду кишвар сари мизи музокирот нишаста буданд, ки дар он ба тавофуқ расида буданд, ки типарониҳо қатъ мешавад ва комиссияи муштарак далелҳо ва натиҷаҳои даргириҳоро дақиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии навбатӣ сар зад ки дар натиҷа 2 сокини Исфара кушта ва ҳудуди 20 тани дигар захмӣ шуданд.
Ҷониби Қирғизистон танҳо аз захмӣ шудани 11 нафар шаҳрванди худ хабар медиҳад.
Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро барои оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Бино ба изҳороти дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Тоҷикистон, тахминан соати 17:20-и рӯзи 27-уми январ, як гурӯҳи шаҳрвандони номаълуми Қирғизистон аз ҳисоби сокинони шӯрои деҳаи Оқсои вилояти Бодканд дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло, автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки машғули регкашӣ буд ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҳаллаи Хоҷаи-Аъло ба маҳаллаи Сомониёни шаҳри Исфара дар ҳаракат буд, маҷбуран боздоштанд.
Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон гуфтааст, ки барои пешгирии пешгирии чунин амалҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Исфараи вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шудани мулоқот мувофиқа шуда буд, наомадаанд ва ба тирпаронӣ оғоз кардаанд.
Хабарнигори мо аз Исфара хабар медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир вазъ ором аст, аммо нигаронии мардум боқист.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 январи соли 2025
Қобилияти хариди аҳолии Тоҷикистон дар 10 соли охир чӣ қадар тағйир ёфтааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 январи соли 2025
“Шумо дар Эрон... эҳсоси ғурбат намекунед” ё “бе сармоягузорӣ ҳам ба Тоҷикистон биёед”. Суханҳои самимии Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуд Пизишкиён
Маҷлиси солонаи ҳукумат. Киҳо ба президент ҳисобот доданд ва чӣ гуфтанд?
“Дурахшандагон”. Дар Тоҷикистон барои таҳсил дар хориҷи кишвар 170 стипендияи президентӣ ҷудо гардид
Боздошти 2 узви “Толибон” бо гумони интиқоли маводи мухаддир ба Тоҷикистон
“ҲСДТ номзад пешниҳод накард”. Муҳлати пешбарии номзадҳо ба интихоботи парлумонӣ ба анҷом расид
Рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар ҳаво якбора сард шуда, борону барф меборад
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент бори дигар ба таъхир гузошта шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста