Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти хабарии имрӯза, 2 феврал гуфт, ки дар соли 2021 дар Тоҷикистон 4 талоши анҷом додани амалёти террористӣ, 2 амали террористӣ ва 15 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шуда, содиркунандаи онҳо дастгир шуданд.
Ба гуфтаи сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Шодӣ Ҳафиззода, амалҳои террористӣ ва сӯиқасд ба ҳаракатҳои террористӣ аз ҷониби аъзоёни Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом ва Паймони миллӣ (фаъолият ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) дар якҷоягӣ бо ДИИШ дар вилотяҳои Суғду Хатлон ва ноҳияи Ваҳдат содир шудааст.
Аммо Ҳафиззода дар ин маврид аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.
Дар идомаи нишаст, вазири корҳои дохилӣ гуфт, соли гузашта 579 нафар аъзои ташкилотҳои террористию экстримистӣ 766 ҷиноят содир кардаанд, ки аз ин 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
- Дар ин давра 50 нафар аъзои ташкилоти террористию экстримистӣ, ки дар хориҷи кишвар қарор доштанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти кишварҳои хориҷӣ, дастгир ва ба ватан оварда шуданд.
ВКД мегӯяд, ки 75 нафар аъзои ташкилоти терористию экстримистиро бо роҳҳои таъсиррасонӣ ихтиёран ба ватан баргардонида шуда, аз ҷавобгарии ҷинотӣ озод кардааст.
Вазири дохила гуфт, “аз инҳо 25 нафар аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии ВМКБ, зиёда аз 100 нафар аъзои Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯъи наҳзати ислом, “Гурӯҳи 24”, Паймони миллиро ташкил медиҳанд”.
Номбурда яке аз омилҳои шомилшавии зиёди шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористиву эктримистиро таълиму тадриси ғайриқонунии динӣ дар муаассисаҳои таълимии хориҷа унвон кард.
Ба иттилои ӯ, соли гузашта, 19 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар муасисаҳои ғайриқонинии динӣ дар хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, ба Тоҷикитсон оварданд.
Вазири умури дохила ҳамчунин, аз таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохили Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки то ба ҳол чунин амалҳо дар кишвар ҷой дорад ва дар ин давра онҳо 80 ҳолати таълимоти ғайриқонинии диниро дар Тоҷикистон ошкор кардаанд.
Номбурда фаъолияти мақомотро дар самти мубориза бо ҷинотяҳои муташаккил назаррас арзёбӣ карда, гуфт, ки дар ин давра 75 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 176 нафар барои содир намудани 167 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
- Дар соли 2021 дар Тоҷикистон 652 силҳи оташфишон аз шаҳрвандон мусодира шудааст, ки 364 адади он аз сокинони ВМКБ мебошад, - гуфт вазири дохила.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста