Баъди наздик ба як моҳи ҷароҳат бардоштан аз тири неруҳои Қирғизистон ва паси сар кардани чанд амалиёти ҷарроҳӣ вазъи саломатии Искандар Шафеъиён, корманди ҳукумати Исфара рӯ ба беҳбуд овардааст. Субҳи 23-уми феврал аз Беморхонаи марказии шаҳри Исфара гуфтанд, ки Шафеъиён ба ҳуш омада, гап мезанад ва ҳамсуҳбаташро мешиносад.
Искандар Шафеъиён, мудири шуъбаи ташкилӣ ҳамроҳ боНекзод Хоҷазода, масъули комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва Абдулатиф Шарипоф, ронандаи беморхонаи марказии шаҳри Исфара, шаби 27-уми январ дар дохили мошини “Ёрии таъҷилӣ” ҳадафи тирборони нерӯҳои қирғиз қарор гирифтанд. Ронанда дар ҷойи ҳодиса, дар деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ ба ҳолокат расид ва ду корманди ҳукумати Исфараро бо бардошти ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ карданд.
Тайибиддин Мухаммедов, сардухтури Беморхонаи шаҳри Исфара субҳи 23-уми феврал дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, бо гузашти 24-рӯзи беҳушӣ Искандар Шафеъиён ба ҳуш омад. Вай гуфт, ин корманди ҳукумати Исфара ду амалиёти ҷарроҳиро паси сар кард ва ҳоло вазъи саломатияш рӯ ба беҳбуд аст. Амалиёти ҷарроҳӣ асосан дар қисмати шикам ё худ узвҳои ҳозима гузаронида шудааст.
“Вазъи саломатияшон хело хуб, баъди 24 рӯзи ҳолати беҳушӣ ба худ омаданд. Ба саволҳо ҷавоб медиҳанд, гуфтугузор мекунанд хӯрок мехӯранд ҳамаро мешиносанд. Ҳолаташон дуруст шуда истодааст”.-гуфт, сардухтури Беморхонаи шаҳри Исфара.
Сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Ҳабибулло Муҳиддинов рӯзи 21-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, ки вазъи саломатии Искандар Шафеъиён вазнин боқӣ мемонад ва зери назорати доимии духтурони ботаҷриба қарор дорад.
Вай гуфт, дар ҷисми ӯ ду амалиёти ҷарроҳии муштарак, ки аз зарби тир ҷароҳати вазнин бардошта буд гузаронида шуд. Ҳаббибулло Муҳиддинов афзуд, нияд доранд дар сурати беҳтар шудани вазъи саломатӣ Шафеъиёнро барои идомаи табобат ба беморхонаи шаҳри Хуҷанд интиқол диҳанд.
Яке аз пайвандони Искандар Шафеъиён бидуни зикри ном дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, вазъи ӯ беҳтар шудааст ва ҳамаи кӯмакҳои вобаста ба табобаташро аз мақомоту духтурон дарёфт карда истодаанд. Вай гуфт, худи Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара назорати табобати ин корманди зери дасташро дар ихтиёр дорад.
Дар натиҷаи даргириҳои хунини шаби 27-уми январ дар марзи Исфара бо Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон 10 тан захмӣ ва 2 кас кушта шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста