ИМА ва Русия барои мустаҳкам намудани сарҳад миёни Тоҷикистону Афғонистон бо харҷи миллионҳо доллари америкоӣ дидбонгоҳҳо ва отряди сарҳадӣ месозанд. Ин тасмим ва нигарониҳои амниятӣ аз Афғонистон дар ҳолест, ахиран Гулбиддин Ҳикматёр роҳбари ҳизби исломии Афғонистон Тоҷикистонро ба паноҳ додани мухолифини ҳукумати "Толибон" муттаҳам кард.
Дирӯз, 10 май сафири ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ки Амрико ният дорад, дар оянда дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон постгоҳи сарҳадӣ ва дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистон барои 900 сарбоз ва оилаҳои онҳо отряди сарҳадӣ бунёд кунад.
Ба гуфтаи Ҷон Марк Поммершайм харҷи сохтмони постгоҳи нави сарҳадӣ дар Чалдовар дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон 3 млн доллар ва маблағи сохтмони отряди сарҳадӣ 30 млн долларро ташкил медиҳад.
Ӯ дар ҳузури журналистон гуфт, ки ба ғайр аз ин ИМА ният дорад, 7 дидбонгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистонро таъмир кунад.
- Сохтмони дидбонгоҳ ва отряди сарҳадӣ ба наздикӣ оғоз мешавад. Ин яке аз бузургтарин кӯмакҳои ИМА ба Тоҷикистон аст. Танҳо дар отряди сарҳадӣ дар оянда 900 сарбоз бо оилаҳои худ метавонанд иқомат кунанд. Масъалаи дигар ин таъмири 7 дидбонгоҳ дар сарҳад мебошад. Дар гузашта барои таъмири 4 гузаргоҳи сарҳадӣ кӯмак кардем. Дар оянда ба Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон барои азнавсозии чунин объектҳо, аз ҷумла марказҳои омӯзиши сагҳо кӯмак меарсонем, -афзуд сафири ИМА дар Тоҷикистон.
Сохтмони постгоҳ ва отряди сарҳадӣ аз ҷониби ИМА дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки имрӯз, 11 май парлумони Тоҷикистон созишнома байни Тоҷикистон ва Русияро дар мавриди сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ бо харҷи беш аз 1,1 млн доллар бо кӯмаки бебозгашти молиявии Русияро тасдиқ намуд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар шарҳи созишномаи мазкур гуфт, ки маблағи кӯмаки бебозгашти молиявӣ 1,1 млн долларро ташкил медиҳад ва он барои сохтмони дидбонгоҳи сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои вазири молия, ин маблағ аз ҷониби Русия пурра ба Тоҷикистон интиқол шудааст ва он барои сохтмони танҳо як дидбонгоҳ дар назар аст.
Қаҳҳорзода афзуд, ки ҳадафи созишнома мустаҳкам намудани ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон аст.
Файзиддин Қаҳҳорзода дар поёни ҷаласаи парлумон дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” мушаххас нагуфт, ки ин дидбонгоҳ дар кадом минтақаи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон сохта мешавад ва гуфт, ин аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор муайян мешавад.
Вазири моляи афзуд, ки дар ин дидбонгоҳ сарбозони тоҷик сарҳадро нигоҳубин мекунанд ва он пурра барои Тоҷикистон пешбинӣ шудаст.
Сохтмони дидбонгоҳ ва отряди сарҳадӣ аз ҷониби ИМА ва Русия дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳолест, ки моҳи августи соли гузашта “Толибон” як ҳаракати ҳаросафкан ҳукумати қонунии Афғонистонро шикаст доданд ва зимони ин кишварро ба даст гирифтанд. Баъди ба сари қудрат омадани онҳо коршиносон аз эҳтимоли ҳамлаи гурӯҳҳои терористӣ ба хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаронӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ, чанд моҳи охир хабарҳо дар мавриди ҳамла ё партоби мушак аз ҷониби Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистон зиёд расонаӣ мешавад. Ҳарчанд “Толибон” даст доштани худро ба ин амалҳо рад мекунанд ва мегӯянд, ин кори дасти шохаи нави гурӯҳи тундрави ДИИШ аст, вале коршиносон мегӯянд, ин гурӯҳ зери нуфузи “Толибон” амал мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Ҳалокати 17 нафар дар Тоҷикистон бар асари офатҳои табиӣ дар соли равон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста