Вазорати дифои “Толибон” бори дигар аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хостааст, чархболҳои ҳукумати қаблии Афғонистонро, ки дар замони суқути ҷумҳурӣ ба ин кишварҳо бурда шудаанд, ба ҳукумати муваққати “Толибон” баргардонанд. Дар ин бора “Тулӯънюз” бо такя ба вазорати дифои ҳукумати “Толибон” хабар медиҳад.
Иноятуллоҳ Хоразмӣ, сухангӯи вазорати дифоъ гуфтааст, чархболҳо сармояи мардуми Афғонистон ҳастанд ва бояд ба ин кишвар баргардонида шаванд.
“Вале то ҳанӯз надодаанд, албаттта мулоҳизаҳои худро доранд, вале ин воқеият аст, ки чархболҳое, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳастанд, марбути мардуми Афғонистон мешавад. Ҳар вақт, ки бошад инҳо гирифта мешавад ва ҳисоб мешаванд”,- гуфтааст Хоразмӣ.
Дар ҳамин ҳол, Амрико борҳо эълом дошт, ки чархболҳои низомии Афғонистонро ба “Толибон” намедиҳад, аммо ҳоло вазорати дифои ин гурӯҳ ҳушдор додааст, ки ба зудӣ ва бо ҳар роҳе ин чархболҳоро ба даст хоҳанд овард.
Дар пайи изҳоротҳои қаблии Толибон дар пайванд ба баргардонидани чархболҳо сафири Амрико дар Душанбе, Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 10-уми май дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки кишвараш ният надорад, чархболҳороро ба Толибон бисупорад.
"Ин чархболҳо ба Толибон дода намешаванд, чун ба онҳо тааллуқ надоранд," – илова кард сафир.
Поммершайм ҷузъиёти гуфтугӯи Вашингтону Душанберо дар масъалаи чархболҳо он замон ошкор накард.
Дар ҳамин ҳол, фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Майкл Эрик Курилла дар пайи як сафараш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки “бо вуҷуди таҳдиду талабҳои чандинкаратаи Толибон оид ба баргардонидани онҳо, чархболҳо ба Толибон баргардонида намешаванд, зеро ба онҳо тааллуқ надоранд”.
Ӯ ба ба Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон барои таъмини бехатарии чархболҳои Неруҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА, изҳори миннатдорӣ кард.
Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани тарзи беҳтарини истифодаи пурсамар ва хидматрасонӣ ба чархболҳо гуфтушуниду машварат мекунанд.
- Шояд чанде аз чархболҳоро ба ҳукумати Тоҷикистон диҳем. Ҳоло дақиқ гуфта наметавонам, ки кай, вале ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки ин масъаларо ҳаллу фасл кунем, - илова карда буд Майкл Курилла.
Дар ин авохир мақомоти Ӯзбекистон гуфтанд, ки тасмим гирифтанд, техникаи низомии ба ҳудуди ин кишвар аз Афғонистон воридшударо ба "Толибон" баргардонанд.
“Толибон” иддао доранд, ки пас аз фурӯпошии ҳукумати пешини Афғонистон даҳҳо чархболу ҳавопаймо ба Тоҷикистону Ӯзбекистон рафтаанд ва бояд баргардонда шаванд.
Мақомоти Тоҷикистон омадани низомиёну халабонҳои афғонро тасдиқ карда, аммо дар бораи миқдори чархболу ҳавопаймоҳои монда иттилои пурра надодаанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ "Толибон" аз Ӯзбекистон ва Тоҷикистон талаб карда буданд, ки 40 чархболро баргардонанд. Иноятулло Хоразмӣ, намояндаи ҳукумати мудофиаи толибон он замон гуфта буд, ки "ба ҳукуматҳои ду кишвар борҳо муроҷиат ва баргардонии чархболҳоро хостаанд".
Сухан аз 24 чархбол ва 22 ҳавопаймо меравад, ки низомиҳои афғонистонӣ моҳи августи соли гузашта ба Ӯзбекистон фирор карда буданд. 18 адад техникаи низомии Афғонистон ба ҳамин тартиб ба Тоҷикистон низ оварда шудааст.
Беш аз 140 халабон ё пилотҳои афғонистониро моҳи ноябри соли 2021 аз Душанбе ба шаҳри Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Араб бурданд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
... /// ...