Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 84% иҷро шудааст. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Зикр шуд, ки то имрӯз тақрибан 30 шаҳру ноҳияҳо нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро иҷро кардаанд.

Аз рӯи шумораи даъватшудагон, ки аллакай ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд, шаҳри Душанбе дар ҷои аввал аст – нақша 98 фоиз иҷро шудааст.

Дар вилояти Суғд ин нишондод 72 фоиз, дар вилояти Хатлон - 81 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 94 фоизро ташкил медиҳад.

“Комиссариати ҳарбии ВМКБ дар рӯзҳои аввали маърака аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд”, - изҳор дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад. Дар ин давра ҷавонони соли таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.