Додситони кулли Тоҷикистон даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бетартибиҳои оммавии Қазоқистон дар моҳи январи соли 2022 қатъиян рад кард.
Ин ниҳод бо пахши як изҳорот гуфт, ки ба ҳолати моҳи январи соли 2023 аз ҷониби Додситони кулли Қазоқистон ба онҳо вобаста ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ё дигар маълумоти марбута оид ба ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ворид нагардидааст.
"Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст", -омадааст дар иттилоияи Додситонӣ.
Дирӯз, ВКХ-и Тоҷикистон ҳам дар як изҳороти хеш, ки дастраси “Азия-Плюс” гардид, гуфта буд, “зимни ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накардаанд”.
Қаблан, Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон дар як ҷаласа гуфта буд, ки дар парвандаи рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.
Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон аввали моҳи январи соли гузашта баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо 238 нафар, аз ҷумла 19 нафар кормандони пулис ва ҳарбиён ҳалок шуда, 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ захмӣ шуданд.
Барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз нерӯҳои СААД кӯмак хост ва бо кӯмаки он тавонист пеши роҳи густариши бетартибиҳоро гирад.
Додситонии кул боздошт ва оғози ду парвандаи ҷиноятӣ нисбати Рустам Холиқовро шарҳ дод
Имомхатиби масҷиди калонтарини Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сархатиби пешини масҷиди ҷомеи Данғара будааст
Мишустин: Русия ва Тоҷикистон ба ҳимояи тиҷорат аз таҳримҳои Ғарб бештар таваҷҷуҳ мекунанд
Нишасти сарони кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ: Пекин аз минтақа чӣ мехоҳад?
Аз истирдоди ҷинояткорон то бозпас додани маҳкумшудагон. Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон
Дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон имрӯз намози ҷумъа баргузор намешавад
Эмомалӣ Раҳмон ба амири Қатар қароргоҳи беруназшаҳрии Такобро нишон дод
Расулзода: "Тоҷикистон ба афзоиши содироти мол ба кишварҳои ИИАО омода аст”
Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Зардолуи Ашт ба Эрону Дубай ва Арабистони Саудӣ фурӯхта мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста