Имрӯз, 21-уми феврал, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба як гурӯҳ хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ, аз ҷумла генералӣ тақдим намуд.

Дар аксҳое, ки Хадамоти матбуотии роҳбари давлат нашр кард, дида мешавад, ки Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилӣ, Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандар, сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Бӯстон, Суҳроб Рауфзода, фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД, Фариддун Маҳмадализода, роҳбари маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон ва чанд нафари дигар мукофоти давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, корбарон Шоҳрух Саидзодаро барои гирифтани рутбаи ҳарбии генерал-майор табрик мекунанд.

Хадамоти матбуотии президент менависад, хизматчиёни низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҷасорату фидокорӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардиданд.

1/9

Манбаъ мегӯяд, бо фармони президент “як гуруҳ фарзандони шуҷоъу далер бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, ордени “Спитамен дараҷаи I”, ордени “Спитамен дараҷаи II”, ордени Шараф дараҷаи II, медали “Ҷасорат”, бо медали “Хизмати шоиста”, медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо рутбаҳои навбатии ҳарбӣ қадрдонӣ карда шуданд”.

Ҳамчунин, бо фармони дигари президент дар бораи додани рутбаҳои олии ҳарбӣ, махсуси навбатӣ ва навбатии ҳарбӣ ба як гуруҳ хизматчиён низомӣ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ВКД, КДАМ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои олии ҳарбии генерал-майор ва рутбаи махсуси навбатии генерал-майори милитсия дода шуд.

Дар иттилоия гуфта нашудааст, ки ба чанд нафар рутбаи генералӣ дода шуд.

1/22

Манбаъ менависад, ки дар охири маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, низ вазифаи бошарафу муқаддаси худро бо садоқат ба Ватан, давлат, миллат ва савганди ҳарбии худ, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.