Иштирокчиёни нишасти роҳбаронии воҳидҳои ҳамкориҳои байналмилалии низомии Қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СААД, ки дар Минск баргузор шуд, барои рафъи ташаннуҷ дар қитъаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон пешниҳодҳо таҳия карданд. Тавре ки РИА Новости менависад, дар ин бора сардори департаменти ҳамкориҳои байнулмилалии низомии кишварҳои узви СААД - ёвари вазири мудофиаи Беларус Валерий Ревенко хабар додааст.
“Дар машварат вазъи низомиву ҳарбӣ дар минтақаи зери масъулияти созмон баррасӣ шуда, чорабиниҳои ҳамкориҳои байнулмилалии низомӣ дар доираи раёсати Беларус муайян карда шуданд”, - иброз доштааст вай.
Ба гуфтаи Ревенко, дар доираи ин чорабиниҳо “барои роҳбарони вазоратҳои мудофиа ҷиҳати рафъи шиддати вазъият дар қитъаҳои сарҳад байни Тоҷикистон ва Қирғизистон” пешниҳодҳо таҳия гардиданд.
Аз ҷузъиёти чорабиниҳо хабар дода нашуда, танҳо зикр мешавад, ки аз натиҷаҳои машварат ба сифати асос барои амалисозии минбаъдаи қарорҳои мақомоти оинномавии Созмон истифода хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар машварат доир ба самтҳои асосии фаъолияти СААД оид ба ҳалли вазъҳои буҳронӣ ва роҳ надодан ба минбаъд шиддатёбии вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмон, баланд бардоштани омодагии воҳидҳои низомӣ ва таҳкими ҳамкории ҳарбӣ ва техникӣ изҳори назар шудааст.
Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин зимни суханронӣ дар машварат зикр кард, ки баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД рӯзи 25 май дар Минск ба нақша гирифта шудааст.
Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи сентябри соли 2022 вазъият дар сарҳади Тоҷикистону Қирғзистон бори дигар шиддат гирифт: ҷонибҳо ҳамдигарро ба ташаннуҷи вазъ айбдор намуда, дар бораи мавриди тирпаронӣ қарор гирифтани деҳаои наздимарзӣ хабар доданд.
Аз 14 то 16 сентябр маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ва ноҳияҳои Ботканд ва Лайлаки вилоятҳо Ботканд ва Оши Қирғизистон мавриди оташ қарор гирифтанд.
Бар асари ин даргириҳо аз ҳар ду тараф зиёда аз 100 нафар куштаву даҳҳо нафар захмӣ гардида, манзил ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздисарҳадӣ тахриб шуданд.
Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 декабри соли 2024
Аз Боми ҷаҳон то мансабҳои баландпояи Тоҷикистон. Нигоҳе ба корномаи яке аз қурбониёни ҷанги шаҳрвандӣ Моёншо Назаршоев
Қамчибек Тошиев гуфт, ҷузъёти созишномаи марзӣ бо Тоҷикистонро дар моҳи январ ошкор мекунанд
Дар Истаравшан аз рӯи далели то ба худкушӣ оварда расонидан парвандаи ҷиноятӣ боз шуд
Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?
Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд
Куштори як генерали Русия дар Маскав
Дар ВМКБ ҳам "лимит"-и барқ ҷорӣ шудааст
“Мувофиқи қонуни виҷдон зиндагӣ мекунам”. Дард, шеър, шахсият ва сиёсати Гулрухсор
Омодагӣ ба интихобот. Ҳизби демократи Тоҷикистон анҷуман мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста