Дар Душанбе имрӯз вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону ва Қирғизистон оид ба таъйин аломатгузории сарҳад ба охир расид.
Ёдрас мекунем, ки гурӯҳҳо корро аз 10 март оғоз карда буданд.
Тавре ки АКИпресс бо истинод ба хадамоти матбуоти Девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад, аз рӯи натиҷаҳои вохӯрии мазкур протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Дар бораи дигар ҷузъиёти вохӯрӣ маълумот дода намешавад. Танҳо гуфта мешавад, вохӯрии навбатӣ дар қаламрави Қирғизистон доир мегардад.
Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ТАСС, ба ҳайати гурӯҳи кории Қирғизистон дар вохӯрии мазкур таҳти сарварии намояндаи махсуси ҳукумат оид ба масоили марзӣ Назирбек Борубаев 15 нафар шомил буданд.
Ахиран ин вохӯрии 8-уми ҷонибҳо буда, қаблан Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон Ориф Хоҷазода изҳор дошта буд, ки дар соли 2022 дар доираи кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатӣ гурӯҳҳои корӣ бо намояндагони Қирғизистон 7 ҷаласа баргузор намуданд.
Бо ишора ба тавофуқи дуҷониба дар бораи ифшо накардани маълумот то анҷоми гуфтушунидҳо, ҳар ду тараф аз натиҷаҳои ҳосилшуда ин ҷаласаҳо маълумот намедиҳанд.
Моҳи декабри соли 2022 пас аз вохӯрии ҳайатҳо дар Ботканд зикр шуд, ки ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо Нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд.
Масофаи сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил дода, расмиёти таъйин ва аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) то ҳол анҷом наёфтаанд. Аз 970 километр то имрӯз 460 километри он таъйину аломатгузорӣ шудааст. Бинобар ин, дар қитъаҳои ҷудогонаи марз муноқишаҳо ба амал омада, ба хисороти молӣ ва талафоти ҷонӣ боис мегарданд.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста