Парлумони Тоҷикистон ду созишномаи муҳими ҳарбиро бо Туркия имзо кард, ки имкон медиҳад, бо маблағгузории ин кишвар силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла бесарнишин (паҳпод) харад ва низомиёни тоҷик дар марказҳои таълимии ҳарбии Туркия таълим гиранд. Вакилони парлумон ин ду созишномаро рӯзи 11-уми апрел дар иҷлосияи навбатӣ ба тасвиб расониданд.

Тоҷикистон аз Туркия “Байрақдор” мехарад?

Созишномаи аввал оид ба ҳамкории ҳарбӣ-молиявӣ байни ду кишвар аст, ки рӯзи 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул аз ҷониби вазирони мудофиаи ҳар ду давлат дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расида буд.

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон дар шарҳи созишномаи мазкур дар назди вакилон  гуфт, ҳукумати Туркия барои харидории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла бесарнишинҳо 50 млн лираи туркӣ ё 1,5 млн доллари ИМА ҷудо мекунад.

Ба гуфтаи вазир, Тоҷикистон бо 50 миллион лира метавонад аз корхонаҳои ҳарбӣ-техникии Туркия "силоҳу муҳимоти ҷангӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон" гирад.

“Маблағи ҷудогардида метавонад барои харидории молҳо ва пардохти хизмат­расониҳои ширкату корхонаҳои Туркия зимни ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии дуҷониба истифода гардад... Татбиқи созишномаи мазкур ба рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ бо Ҷумҳурии Туркия мусоидат намуда, барои дастрас намудани силоҳу муҳимоти ҷангӣ, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамони истеҳсоли ширкату корхонаҳои саноати мудофиавии ин кишвар имкон фароҳам меорад”, - афзуд Шералӣ Мирзо.

Ба гуфтаи ӯ, тасдиқи созишномаи мазкур дар шароити афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои муосир ва шиддат гирифтани зуҳуроти терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ муҳим аст.

Тоҷикистон ҳақ надорад, таҷҳизоти гирифтаашро ба кишвари сеюм диҳад

Дар матни созишномаи Тоҷикистон ва Туркия дар заминаи ҳамкорӣ дар бахши ҳарбӣ-молиявӣ, ки дар пойгоҳи иттилоотӣ-ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст, омадааст, ки пас аз гузаштани расмиёти дохилӣ Вазорати мудофиаи Тоҷикистон номгӯйи техникаҳои лозимии ҳарбиро ба Вазорати мудофиаи миллии Туркия пешниҳод мекунад ва сипас раванди харидани таҷҳизот оғоз мешавад.

Як шарти асосӣ ин аст, ки Тоҷикистон бояд маблағи ҳукумати Туркияро танҳо барои харидани таҷҳизоти ҳарбӣ аз корхонаҳои ҳамин кишвар истифода барад.

Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо (дар байн) дар пасманзари паҳподи Байрақдор
Аз сомонаи Сафороати Тоҷикистон дар Туркия

Созишнома пешбинӣ мекунад, ки 50 миллион лира ё 1,5 миллион доллар аз ҳисоби буҷаи Туркия ҷудо шуда, Тоҷикистон бояд ин пулро дар муддати панҷ сол истифода барад. Дар сурати аз 50 миллион лира зиёд шудани харҷи таҷҳизоти низомӣ, маблағи боқимондаро Тоҷикистон хоҳад дод.

Дар санад ҳамчунин пешбинӣ шудааст, ки Тоҷикистон наметавонад бе ризояти Туркия таҷҳизоти гирифтаашро ба кишвари сеюм диҳад. Ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки тарзи иҷрои созишномаро бе розигии ҳамдигар ошкор намекунанд.

Ҳамчунин, дар ҳуҷҷат омадааст, ки таҷҳизоти харидашуда “ба муқобили манфиатҳо, амният ва тамомияти арзии давлатҳои дигар бояд истифода бурда нашавад”.

Баҳси тавлиди бесарнишинҳо дар Тоҷикистон. Мақомот тасдиқ намекунанд

Баҳси харидории бесарнишинҳо барои Тоҷикистон замоне доғ шуд, ки Қирғизистон дар муноқишаи марзии соли 2022 аз бесарнишинҳои “Байрақдор”-и Туркия истифода кард, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Он замони расонаҳои Эрон  хабар дода буданд, ки Теҳрон дар Тоҷикистон корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймои бесарнишини "Абобил-2" кушодааст. Бисёриҳо даъво доштанд, ки дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон чунин корхона боз шудааст, чаро дар муноқишаҳои марзӣ Тоҷикистон аз чунин ҳавопаймоҳо истифода намекунад.

Дертар фармондеҳи ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, “дар баҳсҳои марзӣ Тоҷикистон ҳақ надорад аз паҳподи “Абобил-2” истифода кунад”. Ҷониби Тоҷикистон то ҳол дар бораи боз шудани корхонаи истеҳсоли бесарнишин чизе нагуфтааст.

Дар моҳи октябри соли 2022 Дмитрий Гордон, рӯзноманигор украинӣ дар як навор гуфт, ки Эрон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин боз кардааст ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, истеҳсоли дронҳо дар хоки Тоҷикистонро таҳқиқ кунанд.

Аз ин пештар, ӯ дар барномаи “Дар меҳмонии Гордон”, ки дар “Ютуб” пахш шуд, гуфта буд, Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанг бар зидди Украина истифода мебарад.

Баъд аз вокуниши ВКХ Ӯзбекистон Гордон маъзаратхоҳӣ карда гуфт, ки ӯ ба ҷойи Тоҷикистон саҳван Ӯзбекистон гуфтааст. Ӯ афзуда буд, ки “Ӯзбекистон (баъдан гуфт, Тоҷикистонро дар назар дошт) ба тавлиди паҳподҳои Эрон ёрӣ медиҳад ва Русия бо истифода аз бесарнишинҳои зарбазан шаҳру деҳаҳои Украинаро вайрон мекунад”.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 30-юми октябр суханони Гордонро рад кард ва гуфт, ба кишвари сеюм таҷҳизоти низомӣ намедиҳанд.

Туркия барои таълими низомиёни тоҷик 62 ҳазор доллар медиҳад

Созишномаи дуввуме, ки вакилони парлумон ба тасвиб расониданд, ба амалӣ кардани кумаки молиявӣ байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Туркия рабт дорад.

Дар асоси он, Туркия барои таълими низомиёни тоҷик 2 миллион лира ё 62 ҳазор доллар медиҳад. Он рӯзи 26-уми июли соли 2023 дар шаҳри Истанбул аз ҷониби вазирони мудофиаи ҳар ду давлат дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ ба имзо расида буд.

Шералӣ Мирзо зимни муаррифии лоиҳаи созишнома гуфт, маблағ аз ҳисоби буҷаи Туркия барои пардохти хароҷот вобаста ба ташкили давраҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои таълимӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷониби Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои омӯзишии Қувваҳои Мусаллаҳи Туркия, инчунин, ташкили сафарҳои расмӣ ва кории ҳайатҳои ҳарбии Туркия ба Тоҷикистон равона мешаванд.

Акс аз Asia-Plus

Созишнома пешбинӣ мекунад, ки низомиёни тоҷик дар марказҳои таълимии ҳарбии Туркия метавонанд бе харҷи маблағҳои буҷети давлатии Тоҷикистон омӯзиш гиранд.

“Хароҷоти маблағҳои мазкур дар асоси нақшаҳои кории тасдиқшуда аз ҷониби дафтари Атташеи ҳарбии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад”, - гуфт Шералӣ Мирзо.

Бояд гуфт, низомиёни тоҷик барои такмили малака асосан ба Русияву Қазоқистон ва Чину Ҳиндустон фиристода мешаванд. Ва ин аз камтарин ҳолатҳое аст, ки низомиёни тоҷик ба Туркия барои такмили ихтисос мераванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.