Дмитрий Гордон, рӯзноманигор украинӣ, ки бовар дорад Эрон дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба роҳ мондааст, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, истеҳсоли дронҳо дар хоки Тоҷикистонро таҳқиқ кунанд. Мақомоти Тоҷикистон иддаои тавлиди ҳавопаймои бесарнишинро дар Тоҷикистон тасдиқ намекунанд.
Гордон, ки чанд рӯз пеш ҳам дар робита ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон изҳори назар карда буд, дар суҳбат бо "Озодлик", бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ, 31-уми октябр “аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, дар ин бора таҳқиқот гузаронанд. Маълум кунанд, ки чӣ навъи дронҳо дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд ё мешуданд. Дар хоки Тоҷикистон корхонаи кадом кишваре ҷой дода шудааст ва дронҳои истеҳсолшуда ба куҷо бурда мешаванд”.
Аз ин пештар, ӯ дар барномаи “Дар меҳмонии Гордон”, ки дар “Ютуб” пахш шуд, гуфта буд, Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанг бар зидди Украина истифода мебарад.
Баъд аз вокуниши ВКХ Ӯзбекистон Гордон маъзаратхоҳӣ карда гуфт, ки ӯ ба ҷойи Тоҷикистон саҳван Ӯзбекистон гуфтааст. Ӯ афзуда буд, ки “Ӯзбекистон (баъдан гуфт, Тоҷикистонро дар назар дошт) ба тавлиди паҳподҳои Эрон ёрӣ медиҳад ва Русия бо истифода аз бесарнишинҳои зарбазан шаҳру деҳаҳои Украинаро вайрон мекунад”.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ 30-юми октябр суханони Гордонро рад кард ва гуфт, ба кишвари сеюм таҷҳизоти низомӣ намедиҳанд.
“Мо суханони блогнависи укроинӣ Дмитрий Гордонро, ки рӯзи 28 октябри соли 2022 дар ҷараёни барномаи онлайнии "Дар меҳмонии Гордон" дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон, ки гӯё дар "куштори укроиниҳо" даст доранд, рад мекунем”,- гуфта буд ВКХ Тоҷикистон.
Ин ниҳод ба Гордон тавсия дод, ки минбаъд ба чунин назарҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад.
Баҳси тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон
Баҳси корхонаи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон чанд моҳ аст, давом дорад. Ин баҳс замоне доғ шуд, ки Қирғизистон аз харидории ҳавопаймоии бесарнишини “Байрақтар” аз Туркия хабар дод.
Баъди ин, расонаҳои эронӣ моҳи майи имсол гузориш доданд, ки дар Душанбе корхонаи тавлиди дрон ё ҳавопаймоҳои бесарнишини "Абобил-2"-и Эрон боз шудааст. Ба иттилои онҳо, дар ин маросим вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва сардори Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон Ҳусейн Боқирӣ ширкат карданд.
Ҷониби Тоҷикистон дар ин робита иттилои расмӣ нашр накард.
Замоне, ки Қирғизистон дар муноқишаи хунуни 14-18-уми сентябри соли равон аз ҳавопаймоҳои бесарнишин истифода кард, баҳси бунёд ва тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон дубора боз шуд. Бисёриҳо даъво доштанд, ки дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон чунин корхона боз шудааст, чаро дар муноқишаҳои марзӣ Тоҷикистон аз чунин ҳавопаймоҳо истифода намекунад.
Ҳамин тариқ, бо ором шудани вазъ дар сарҳад ва оғози ҷанги лафзӣ миёни сохторҳои марбутаи ду кишвар баҳси тавлид ё истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин низ хомӯш гардид.
Инак, охири моҳи октябри соли равон ин баҳс такроран доғ шуд ва ин бор бо изҳороти рӯзноманигори украинӣ.
Мақомоти Тоҷикистон тавлиди бесарнишинҳоро тасдиқ накарданд
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон фаъол шудани корхонаи тавлиди поҳподҳоро дар Тоҷикистон тасдиқ намекунанд. Дар изҳоротии ВКХ Тоҷикистон ҳам дар бораи вуҷуди корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ҳарфе нест ва танҳо ишора шудааст, ки Тоҷикистон ба кишвари сеюм техникаи ҳарбӣ содир намекунад ва иддаои Гордон дар бораи он ки гӯё бесарнишинҳои эронӣ, ки дар Тоҷикистон тавлид шудаанду ба "куштори укроиниҳо" даст доранд, нодуруст аст.
Ҳамин тариқ, Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати дифои кишвар низ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо баёнияи ВКХ Тоҷикистонро тасдиқ мекунанд ва фаъол шудани корхонаи истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистонро тасдиқ карда наметавонад.
Дар ҳамин ҳол, чанде пеш “Eadaily” бо истинод ба “Tasnim News” навишта буд, Тоҷикистон барои харидории “беспилотник” аз Эрон дархост додааст.
Ин расона бо такя ба генерал-майор Яҳё Раҳим Сафавӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ёвари аршади низомии раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ навишт, ки ҳудуди 22 кишвар барои харидории ҳавопаймоҳои бесарнишини низомии сохти Эрон дархости расмӣ пешниҳод кардаанд, ки дар байни онҳо Арманистон, Тоҷикистон, Сербистон, Алҷазоир, Венесуэла ва дигар кишварҳо ҳастанд.
Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд.
Қаблан Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, ки Амрико ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини "Пума"-ро тақдим хоҳад кард.
Вай афзуд, ҷузъиёти созишномаи ба маблағи 20 миллион долларро ҷонибҳо мувофиқа мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ барои назорати ҳарими ҳавоии Тоҷикистон дар манотиқи марзӣ хидмат хоҳанд кард.
Дар сурати тасдиқи суханони Гордон Тоҷикистонро чӣ интизор аст?
Дар сурати тасдиқи гуфтаҳои Гордон, ба Тоҷикистон метавонад таҳримҳо барои миёнаравӣ таҳдид кунад. Таҳримҳо барои миёнаравӣ нисбати кишварҳои зери таҳрим қарордошта (аз ҷумла Русия ва Беларус) ҷиҳати канораравӣ аз таҳримҳо истифода мешаванд. Мувофиқи қонунгузории ИМА, ба шахсони миёнарав қатъи амали дороиҳо, манъи вуруд ба қаламрави ИМА, маҳдудияти содироти гурӯҳи муайяни молу маҳсулот, манъи таҳвили силоҳ ва техникаи ҳарбӣ, маҳдудияти дастрасӣ ба бозори молиявии ИМА, ба шаҳрвандони ИМА ва ширкатҳои дар ИМА сабтшуда ва филиалҳои онҳо манъ кардани муносибатҳои муайяни иқтисодӣ бо объектҳои таҳрим (дар ҳолати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), маҳдудият дар кумакрасонӣ барои рушд ва ғайра таҳдид карда метавонад.
Қаблан ИМА рӯйхати кишварҳоеро таҳия карда буд, ки метавонанд ба Русия ва Беларус дар канораравӣ аз таҳримҳо кумак кунанд.
Гуфта мешуд, ин кишварҳо ба давлатҳои зикршуда молу маҳсулоти зери таҳрим қарордоштаро дубора содир карда метавонанд ё барои онҳо транзаксия гузаронида метавонанд. Дар сурати тасдиқи аз ҷониби онҳо риоя нашудани реҷаи таҳрим, ин кишварҳо худашон метавонанд зери таҳрим қарор гиранд.
Тоҷикистон низ ба ин рӯйхат шомил шуд
Аз ҷумла таҳримҳо метавонанд барои содирот ва содироти дубора (реэкспорт)-и техникае, ки метавонад барои ҳадафҳои низомӣ истифода шавад, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, низомҳои гидроакустикӣ, антенна, спектрофотометр, таҷҳизоти озмоишӣ, низоми GPS, пойгоҳҳои ҳавокашӣ (насосҳои вакуумӣ), таҷҳизоти ҷустуҷӯи нафт ҷорӣ шаванд.
“Бюрои саноат ва амният (BIS) мисли пешин аз содироте, ки ба рушди технологияҳои баҳрӣ, микроэлектроника ва технологияҳои дигар мусоидат мекунад ва метавонад барои дастгирии бахши низомӣ ва дифои Русия истифода шаванд, нигарон аст. Ба ин тариқ, ҳамаи молу маҳсулоти болозикр иҷозатномаи BIS-и то содирот ва содироти дубора ба Русия ё Беларусро талаб мекунанд.
Илова бар ин, инчунин истифодаи баъзе аз ин молу маҳсулот аз ҷониби кишварҳои сеюм барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, ки минбаъд метавонад ба Русия ё Беларус содир шавад, манъ шудааст. Ин номгӯи пурраи молҳо набуда, аммо номгӯи молҳоест, ки махсус хатарноканд”, - зикр шуда буд дар изҳороти нашршудаи ИМА.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста