Дар вилояти Тошканди Ӯзбекистон марди 34-солае бо гумони қочоқи асъори хориҷӣ ба Тоҷикистон боздошт шудааст. Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон, ин мард ҳангоми интиқоли маблағ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фарҳод” дастгир шуда, аз ӯ беш аз 428 ҳазору 700 доллар (ба қурби ҳозираи сӯм ба доллар) бо асъори гуногун дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба гуфтаи ин ниҳод, боздоштшуда бо мақсади интиқоли ғайриқонунии маблағ 140 ҳазору 700 сомонӣ, 180 миллион сӯми ӯзбекӣ ва 18 миллиону 680 ҳазору 300 рубли русиро ба 34 шаҳрванди Ӯзбекистон тақсим кардааст. 

Ба иттилои мақомот, ҳамаи ин шаҳрвандон низ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Фарҳод”, воқеъ дар шаҳри Бекободи ин кишвар боздошт шудаанд.

Манбаъ шахсияти боздоштшударо ошкор накарда, танҳо гуфтааст, ӯ сокини 34-солаи шаҳри Бекободи Ӯзбекистон аст. Ҳангоми тафтишот танҳо аз нақлиёти сабукрави худи ӯ 24 ҳазору 107 сомонии тоҷикӣ, 13 миллиону 538 ҳазору 305 рубли русӣ, 885 евро, 300 доллари амрикоӣ, 300 юани чинӣ, 6 ҳазору 840 соми қирғизӣ ва 10 миллиону 207 ҳазор суми ӯзбекӣ дарёфт ва ҳамчун далел ба расмият дароварда шудааст.

Ба иттилои Хадамоти амнияти давлатии ин кишвар, алайҳи гумонбаршуда бар асоси банди “а”, қисми 2-и моддаи 182-и Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон барои  вайрон кардани қонунгузории гумрук парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гумонбаршуда ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад. Назари боздоштшуда ба ин иттиҳоми мақомот маълум нест. Ҳамчунин маълум нест, ки нисбати 34 шаҳрванди дигари боздоштшуда чӣ чора андешида шудааст. 

Бояд гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён то 3 ҳазор долларро бидуни зикри маблағ дар эъломия аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда метавонанд. Дар сурати беш аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ будани маблағ мусофир бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ бояд эъломияи хаттӣ пур кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.