Хуҷанд. 21-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар шаҳри Хуҷанд шумори шаҳрвандоне, ки барои ҳифзи худ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳаққи хизматгузории ҳимоягарон (адвокатҳо)-ро пардохт карда наметавонанд, рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати молияи ҳукумати шаҳри Хуҷанд Абдусалом Бобоҷонов хабар дод, маҳз ҳамин раёсат барои пардохти музди хизматгузории ҳимоягарон машғул буда, соли 2010 ба раёсат 114 қарор дар бораи ҷуброни хароҷоти хизматгузории ҳимоягарон ва ҳамчунин ҳалномаи додгоҳҳо ва мақомоти додситонӣ барои озод кардани гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон аз пардохти хизматгузории ҳимоягар ва пардохти музди онҳо аз ҳисоби давлат ворид шудааст. Ба таври дигар, ҳар моҳ ҳудуди 9-10 асноди ба ин монанд ва дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ 55 адад чунин қарору ҳалномаҳо ба раёсати мазкур ворид мешаванд.
«Ҳаҷми маблағҳои ҷудомешуда чун пештара боқӣ мондааст. Соли гузашта аз ҳисоби буҷаи шаҳри Хуҷанд барои пардохти музди хизматгузориҳои ҳимоягарон 8 ҳазор сомонӣ ва имсол ҳам ҳамин қадар маблағ ҷудо карда шуд ва бояд гуфт, ки 4 ҳазор сомонӣ аллакай ба идораҳои ҳимоягарон ва бунгоҳҳои машваратҳои ҳуқуқӣ равона гардидаанд», - мегӯяд А.Бобоҷонов.
Аз Ҳайати мушовараи ҳимоягарони вилояти Суғд, ки ба он 19 бунгоҳҳои машварати ҳуқуқӣ ва 143 нафар ҳимоягарон шомиланд, ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Конститутсияи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура», Муоҳадаи байнулмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ҳамчунин Муқаррароти асосӣ дар бораи нақши ҳимоягарон бозгӯи онанд, ки шахс аз замони боздошт ба истифодаи хизматгузории ҳимоягар ҳуқуқ дорад.
Таъмини маблағгузории зарурӣ барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони ниёзманд ва ҳамчунин пардохти онро давлат кафолат медиҳад. Дар ин ҳолат хароҷоти пардохти музди хизматгузории ҳимоягарон бо тартиби муқарраршуда аз ҳисоби буҷаҳои маҳаллӣ сурат мегирад. Ҳукумат муваззаф аст, ки маблағгузории зарурӣ ва захираҳои дигарро баҳри кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат ва дигар афроди ниёзманд таъмин созад.
«Айни замон маблағҳои пулии буҷавӣ ба ҳимоягарон бинобар дар буҷа мавҷуд набудани сатри хароҷот барои ҳимоягарон бо каме таъхир интиқол дода мешаванд. Феълан ҳаҷми мавҷудаи маблағгузорӣ нокофӣ аст. Аз ин рӯ, чунин омилҳо ба пешниҳоди хизматгузории хушсифат ва касбии ҳуқуқӣ таъсир мегузоранд. Дар барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабули Қонун «Дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст. Шояд дар он масоили расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ пешбинӣ ва дақиқан дарҷ ёбанд», - афзуд манбаъ.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста