Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ кормандони ташкилоту корхона ва муассисаҳо ба муддати 10-15 рӯз ба ҷамъоварии ҳосили пахта сафарбар карда мешаванд. Мансабдорон мегӯянд, ба кӯмаки пахтакорон рафтан ихтиёрӣ аст, вале сокинони вилояти Суғд баръакси ин гуфтаҳо ҳарф мезананд.
Адҳам ном як сокини шаҳри Қайроққум ба идораи ОИ «Азия-Плюс» занг зада, изҳор кард, ки кормандони тамоми корхонаву ташкилотҳои тобеъи мақомоти шаҳри Кайроққум ба ҷамъоварии пахта ба ноҳияи Ашт сафарбар мегарданд.
«Гӯё ҳукумати шаҳри Қайроққум барои ҳар як корхонаву ташкилот шумори муайяне муқаррар кардааст ва агар корманд худаш наравад, ӯ бояд ба ҷойи худ «мардикор» орад, ки таври маълум «мардикор» бепул кор намекунад. Охир ин нақзи ҳуқуқҳои ман аст, ман пунбадона кишт накардаам ва ҳамчун муҳандис ба бахши кишоварзӣ ҳеҷ муносибате надорам», - гуфт Адҳам.
Дар ҳукумати шаҳри Қайроққум мегӯянд, ҳеҷ касро маҷбур накардаанд. Фазлиддин Орифов, мудири шӯъбаи саноати шаҳри Қайроққум, ки ба сафарбарии коргарон ба маъракаи ҷамъоварии пахта машғул аст, изҳор кард, ки чанде қабл ӯ ба майдонҳои кишти ноҳияи Ашт 305 нафар кормандони корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳрро гусел кардааст.
«Ҳукумати вилоят миқдори муайяни чинакчиён аз ноҳияро муқаррар кард ва мутаносибан ҳукумати шаҳр низ бо назардошти шумори аҳолии ҷамоат ё кормандони корхонаву ташкилот ин миқдорро тақсим кард. Дар хоҷагии деҳқонии «Бародарон»-и ноҳияи Ашт барои чинакчиён тамоми шароити будубош муҳайёест ва ҳар панҷ рӯз як маротиба бо чинакчиён барои як кило пахта ба маблағи 50 дирам ҳисоббарбарӣ карда мешавад», - афзуд номбурда.
Муовини сардори Сарраёсати кишоврзии вилояти Суғд Аюбҷон Очилов дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар машварати кории назди раиси вилоят бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ дар бораи сафарбарии аҳолӣ ба ҷамъоварии пахта ва ташкили ситоду таъмини чинакчиён бо хӯроки гарм ва шароити мусоиди кору будубош қарор қабул карда шудааст. «Айни замон дар вилоят ба ҷуз кормандони соҳаи кишоварзӣ боз 20 ҳазору 851 нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта ҷалб карда шудаанд. Танҳо ноҳияи Мастчоҳ бидуни ҷалби ёварон ҳосил ҷамъоварӣ мекунад. Мутобиқи нақша, то 10-уми ноябр дар вилояти Суғд бояд 95 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардад», - афзуд А.Орифов.
Дастрас кардани шарҳи масъала дар ин хусус аз ҳуқуқшиноси ҳукумати вилоят ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муяссар нагардид, аз ин рӯ, мо ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намудем.
Саёҳат Одинаева, мутахассиси шӯъбаи ҳуқуқии вазорати мазкур дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» гуфт, қонунгузории амалкунандаи ҶТ дар бораи меҳнат, кори маҷбуриро манъ менамояд. Аз ҷониби мақомоти раҳбарии вилояти Суғд ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта маҷбурӣ ҷалб кардани аҳолӣ ғайриқонунӣ аст.
Ҳасрати зан ё шуҳрат? Ҳарзасароӣ дар шоу-бизнеси тоҷик
Корҳои эҷодии суратгир аз Тоҷикистон дар ҳамоиши расонаҳо дар Эрмитаж
Оилаи намунавии Тоҷикистон маълум шуд. Шоҳҷоизаро оилае аз шаҳри Истиқлол соҳиб гардид
Сергей Шойгу дигар вазири мудофиаи Русия нест. Путин ӯро дигарбора ба ин вазифа таъин накард
Ҳалокати ронанда ва 2 мусофир бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи Хуҷанд-Конибодом
Ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар кумакпулӣ пардохт гардид?
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар Қазоқистон ҳам медали нуқра ба даст овард
Тоҷике, ки автобуси зери идорааш ба дарё сарозер шуд, барои нақзи қонунгузории муҳоҷирати Русия айбдор мешавад
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста