Чанде қабл ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ,сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ва ҷаноби Миралӣ Сангов, ҷонишини аввали раиси шаҳри Норак дар маросими анҷоми амалисозии лоиҳа дар беморхонаи марказии шаҳри Норак ширкат варзиданд.

 Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, «Лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии беморхонаи марказии шаҳри Норак бо таҷҳизоти тиббӣ» ба маблағи умумии 105,674 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, муваффақона ба итмом расид.  

Беморхона соли 1967 таъсис ёфта, яке аз муҳимтарин нуқоти тиббӣ ба шумор мерафт, ки ҳар сол тақрибан 6,500 беморро қабул мекард. Бо сабаби норасоии таҷҳизотҳои муосири тиббӣ беморхона наметавонист хизматрасонии тиббии лозимаро ба беморон расонад. Лиҳозо, беморхона гоҳе маҷбур буд, беморонро барои ташхису муолиҷа ба дигар бемористон фиристад.   

Барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббии шаҳри Норак, дар доираи лоҳа беморхона бо таҷҳизоти нави тиббӣ, ба монанди мизи ҷарроҳӣ, электрокоагулятор ва дастгоҳи хушкҳароратӣ таъмин гардид. Дастгоҳҳои нав ба табибон дар анҷом додани ташхиси дақиқ ва хизматрасонии тиббии зарурӣ, ки саломатии аҳолии шаҳри Норакро беҳтар мегардонад, кӯмак мерасонад.

Кӯмакњои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 273 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии $20 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.