Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон вобаста ба рӯйдодҳои охирини дар Федератсияи Россия ба амаломада нишасти матбуотӣ доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, нахуст сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев аҳли нишастро бо фаъолияти мақомот мухтарсаран шинос намуда, роҷеъ ба вокуниши ВАО нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ доранд, маълумоти муфассал дод.Ӯ қайд намуд, ки дар Хадамоти муҳоҷират ва намояндагии он дар Федератсияи Россия барои шаҳрвандони кишварамон телефони боварӣ, ки тариқи шабонарӯзӣ кор мекунад, ташкил карда шудааст. Шаҳрвандони кишвар тариқи ин телефон метавонанд, вобаста ба мушкилоти худ аз мутахассисони соҳа маълумоту маслиҳатҳои зарурӣ гиранд.

Ҳамчунин, дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ситоди доимоамалкунанда таҳти роҳбарии Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия А.Достиев ташкил карда шудааст, ки дар он роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони мақомоти расмии Тоҷикистон шомил мебошанд. Ситод фаъолияти худро тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст. Ҳамзамон, ба суоли он, ки Г. Онишенко- сардухтури Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Федератсияи Россия эълон дошт, ки гӯё муҳоҷирони тоҷик манбаи барангезандаи бемориҳои вазнини сирояткунанда, аз қабили норасоии масъунияти бадан, сил ва обилафаранг (сифилис) ҳастанд, роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати мамлакат изҳор доштанд, ин сухани Г. Онишенко асоси воқеӣ надорад. Зеро ҳамаи муҳоҷирон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузашта, баъдан озими сафар мешаванд.

 Рӯзноманигорон ба саволҳои худ нисбат ба тақдири муҳоҷирони меҳнатӣ, ки айни ҳол дар муассисаҳои нигаҳдории махсуси ФР қарор доранд ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии муҳоҷирон дар маҷмӯъ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

 Дар фарҷом зикр гардид, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки вазъияти имрӯза оид ба буду боши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Тоҷикистон пурра зери назорати мақомоти расмии мамлакат буда, дар якҷоягӣ бо Намояндагии Хадамот дар Федератсияи Россия барои ҳаллу фасли мушкилоти ҷорӣ тамоми чораҳои лозимаро меандешад.