Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ барои муҳоҷирони кории аз Русия рондашуда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қӯрғонтеппа марказҳои мусоидат ва кумак боз намуд. Ин марказҳо ба муҳоҷирон кумаки таъҷилии равонӣ расонида, барои таъмин бо ҷойи кор мусоидат мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ҶТ хабар доданд, дар марказҳои мазкур ба муҳоҷирони аз Русия рондашуда дар омӯзишу азхудкунии касб, дастрасӣ ба қарзҳои хурди бонкӣ ҷиҳати роҳандозии тиҷорат низ ёрӣ расонида мешавад.
Марказҳои мазкур дар шаҳри Душанбе бо суроғаи кӯчаи Навоӣ 5/6, Хуҷанд – дар бинои Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ва Қӯрғонтеппа – дар кӯчаи Ф. Саидов, 3-а ҷойгир шудаанд.
Барои таъмини муҳоҷирони кории аз Русия баргашта бо ҷойи кор дар қаламрави Тоҷикистон дар шабакаи Интернет сомонаи www.kor.tj ташкил карда шудааст, ки дар он тамоми ҷойҳои кории холӣ дар ҷумҳурӣ дарҷ шудаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ, дар зарфи панҷ рӯзи ахир аз Русия ба Тоҷикистон 57 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ронда шуданд.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мухаррир18 ноябр, 2011 16:22
Бародар. Албатта, мо хохони онем, ки хамаи шахрвандони точик дар Русия ба таври шоиставу арзанда зиндаги кунанду хукухояи шахрвандиашон риоя шавад. Вале афсус, ки ин ба мо вобаста нест. Мо муовики имкон маколаву хабар дар ин бора нашр карда, таваччухи хукуматдорони кишварро ба мушкилоти мухочирон чалб месозем. Боки, барори кор!
Мансурчон17 ноябр, 2011 21:26
Ман мехохам ки Шахрвандони мо ба РОССИЯ ба мухочирати мехнати мераванд ХУКУКХОИ мо дар он чо баланд бардошта шавад МАН АЗ ШАХРИ КОНИБОДОМАМ дар Гимназияи раками 1 дар синфи 11 мехонам ИЛТИМОС чавобашро нависед МОДАРАМ ВА БАРОДАРАМ ХАМ ДАР мухочирати мехнати дар Федератсияи РОССИЯ