Ахири ҳафтаи гузашта дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили сохтмон ва ободонӣ дар шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа дар радифи дигар масъулини шаҳрдорӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Комилов ширкат варзид.

Қабл аз ҳама Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи масъулинро ба суръатбахшии такмили лоиҳаи иншооти сохтмони Беморхонаи бисёрсоҳавии муосири шаҳрии дорои 650 кат барои маризон ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дармонталаб бо инобати пешбинӣ намудани осоишгоҳи муосири барқарорсозии саломатӣ, ки ба талаботи пойтахт ҷавобгӯву бо технологияҳои истеҳсоли охирини тиббӣ муҷаҳҳазбуда, воқеъ дар кӯчаи Н. Қарабоев нигаронида, муқарар сохт, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин аз ҷониби пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ таҳти роҳбарии Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби институтҳои шаҳрвандӣ он бо  такмил додан,  унвонии Раиси шахри Душанбе пешниҳод карда шавад.

Дар ин радиф масъалаи вусъатбахшии корҳои мукаммалсозии лоиҳаи бунёди иншооти Компекси касрҳои варзишии сатҳи байналмилалии   теннис  ва   варзиши обӣ, мутаносибан барои 3000 ва 4000 ҷойҳои нишаст бо дарназрдошти таваққуфгоҳи нақлиётии зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи Карамовро, ки он низ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр эъмор мешавад, матраҳ намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ корҳоро ҳар чӣ зудтар ба сомон расонанд.

Бо мақсади ҳадафманд ва ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеа ва Нақшаи генералии шаҳри Душанбе тарҳрезию мавриди татбиқ қарор додани лоиҳаҳои сохтмони иншооти аз ҳисоби буҷети шаҳр бунёшаванда муқаррар сохт, ки минбаъд дилхоҳ  лоиҳа дар шаҳр тариқи озмуни кушод интихоб гардида, дастрасии субъектҳои лоиҳакашӣ ба амалисозии потенсиали меъморӣ васеъ карда шавад. Дар ин росто таъкид кард, ки нахуст барои интихоби  лоиҳаҳои таҷдиди меъмории қисмати марказии шаҳр озмун эълон карда шавад ва таҳиягарони лоиҳаҳо сохтмони ҳароина иншоотро бо инобати таҷассуми арзишҳои миллию муосири меъморӣ тарҳрезӣ намоянд.

Ҳамзамон барои идомаи корҳо дар иншооти нотамоми Аквапарк ва истифодаи мақсадноки Амфитеатр  ба масъулин супоришҳо дод.

Бо дахли омодагиҳо ба таҷлили чашни байналмилалии Наврӯз -2012  ва ободониҳои ҳудуди заминҳои минтакаи Наврӯзгоҳи пойтахт қабл аз ҳама афзуд, ки барои дар масоҳати 13.32 га қитъаи замин бунёди боғи мӯҳташами дорои дарахтони наврӯзпаём ва нодири ороишию сояафкан, гулгашту фаввораҳо, шаршараи 18-метра, чойхонаву, тарабхона, қаҳвахонаву аттраксионҳои хурд барои фароғати кӯдакон, ки шинонидани 2421 дарахт пешбинӣ гардидааст, субҳи имрӯз чун фоли нек бо шинонидани дарахтон аз ҷониби Президенти мамлакат Э. Раҳмон ибтидо гузошта шуда, маслиҳатҳои муфид ироа гардид, ки татбики ҳар кадоми он дар мӯҳлатҳои муқараргардида амалӣ хоҳад гашт.

Баҳри вусъати маъракаи дарахтшинонӣ тибқи нақшаи тарҳрезигашта М. Убайдуллоев ба гурӯҳҳои қаблан таъсисёфта дастур фармуд, ки  иҷрои корҳоро на дертар аз 15-уми декабри соли равон ба анҷом расонанд ва шаҳрвандон имкон доранд, ки назари худро оид ба чӣ гуна дидани боғи нав унвонии шаҳрдорӣ баҳри ба инобат гирифтан ирсол созанд.

Дар ҷаласа инчунин баҳри тақвияти корҳои ободонӣ ва дар ҳолати хуб нигаҳдорию мавриди истифодаи сокинон ва меҳмонони шаҳр қарор додани боғҳои шаҳрӣ як идда тағйироти кадрӣ аз ҷониби Раиси шаҳр сурат гирифт. Бо ин мақсад Сайфиддин Шарипов- директори Муассисаи давлатии «Нигаҳдорӣ ва истифодабарӣ»-и зертобеи Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» аз вазифаи ишғолнамудааш сабукдӯш гардида, ба ҷои ӯ Набот Авезов таъин гардид. Ҳамзамон бо инобати таҷдиди сохтор шудани Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Абдусаттор Холов ба вазифаи директор ва Аъзамқул Эшонқулов ба ҳайси муовини ӯ таъин карда шуд.