Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Медиа-алянси Тоҷикистон аз намояндагони васоиту ахбори умум ва журналистон даъват ба амал меоварад, ки аз истифодаи ҳарфи душманона худдорӣ варзида, дар инъикоси масоили муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо аз шеваи сиёсати хушмуомилагиву хушбаёнӣ ва дурустрафторӣ кор гиранд.
Тавре дар изҳороти чанде қабл интишоршудаи медиа-созмонҳои Тоҷикистон гуфта мешавад, дар робита ба ҳукми додгоҳӣ нисбат ба парвандаи халабони рус Владимир Садовничий ва эстон Алексей Руденко дар Тоҷикистон ва ҳадди зиёд сиёсӣ кардани ин қазия , айни замон масъалаҳои муҳоҷирати корӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо хеле муҳиму рӯзмарранд.
«Мутааасифона, вазъият аз доираи ҳуқуқӣ берун рафта ва бо ҷалби расонаҳои хабарӣ ва баррасиҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба ин майдон шиддати бештар касб намуд. Изҳороти номатлуб, ҳатто таҳқиру тавҳин ва даъватҳои моҷароҷӯёна ба мушоҳида мерасанд. Ин ҳолат рӯҳияи миллатгароӣ ва адовати нажодиро дар ҷомеаи Русияву Тоҷикистон доман мезанад, ки ба манфиати гурӯҳҳои бадхоҳи дохилӣ ва неруҳои геополитикии беруна аст», - гуфта мешавад дар изҳорот.
Мақомоти раҳбарии созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз расонаҳои хабарии Русия ва Тоҷикистон даъват намуданд, ки аз идомаи ташдиди ихтилоф худдорӣ кунанд ва бидуни эҳсосоти зиёдатӣ барои воқеъгаронаву дар камоли тавозун инъикос намудани мавзӯъ талош варзанд.
Акс аз www.newsfromweb.ru
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста