Роспотребнадзор ба мақомоти раҳбарии бахши тандурустии Тоҷикистон тавсия додааст, ки муоинаи тиббии муҳоҷирони ояндаро пеш аз сафар ба Русия гузаронанд, то ки ба бахши тандурустии Русия мушкилоти иловагӣ эҷод насозанд, - менависад хабаргузории Интерфакс.
Роспотребнадзор иттилоияе интишор намуд, ки мутобиқи маълумоти он, дар Русия аз моҳи январ то октябри соли равон 890 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштаанд.
Дар сомонаи расмии ин мақомот гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, ба 1362 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби воситаҳои буҷет, ки барои ёрии тиббӣ ба шаҳрвандони Русия пешбинӣ шудааст, кумаки тиббӣ расонида шудааст.
«Миёни шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли 2011 ба Русия омаданд, 336 ҳолати гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла 96 ҳолати ангезандаи ВИЧ, 116 ҳолати бемории сил ва 74 ҳолати бемории оташак (сифилис) ошкор шуд, ки ба атрофиён хатарнок буда, барои рад кардани додани иҷозатнома барои кору зиндагӣ дар Русия асос шуда метавонад», - омадааст дар иттилоия.
Дар иттилоияи мақомоти мазкур зикр мегардад, ки мутобиқи қарори ҳукумати Русия таҳти № 188 аз 02-юми апрели соли 2003, дар сурати ошкор сохтани гирифтор будани шаҳрвандони хориҷӣ ба бемориҳои сироятӣ, онҳо бояд аз қаламрави Русия хориҷ карда шаванд.
То имрӯз Роспотребнадзор оид ба мувофиқи мақсад набудан ва номатлуб будани будубоши муҳоҷирон аз 23 кишвар 1177 қарор қабул кардааст, ки 204-тои онҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
«Қарорҳои қабулшуда бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати истирдоди шаҳрвандони бемор аз Русия ба Хадамоти федаралии муҳоҷират супурда шудаанд», - зикр мегардад дар иттилоияи мақомот.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста