Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон - 3 декабр Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Ширкати алоқаи мобилии Tcell, Ассосиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд, СҶ «Киштӣ» дар Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский маъракаи хайрияро оид ба дастгирии кӯдакони имкониятошон маҳдуд бо унвони «Мо гуногун, вале баробарем» баргузор мекунад.
Тавре аз намояндагии Институти «Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯбаи чорабинии мазкур барномаи идона ва маъракаи хайрия барои 200 нафар кӯдакони аз 3-сола то 15- солаи муассиссаҳои томактабии №79, 117, 52, 129 ва мактабҳои №2, 28-и шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Дар чорабинӣ волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ширкат мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар маъракаи мазкур бештар ба он таваҷҷӯҳ карда мешавад, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ кӯдакони имконияташон маҳдуд низ амалан иштирок намоянд ва бо ин ширкати онҳоро дар ҳаёти иҷтимоӣ тавсеа бахшанд. Аз ҷумла, дар барномаи консертӣ гурӯҳи эҷодии мактабу муассисаҳои томактабии кӯдакони имконияташон маҳдуд дар қатори гӯрӯҳи «Шамс» ва ҳунарпешаҳои Театри русии драмавии ба номи В. Маяковский баромад мекунанд.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста