Зимни кори мизи гирд таҳти унвони «Муҳоҷирати корӣ ба Русия: паҳлӯҳои мусбату манфӣ» дар шаҳри Санкт-Петербург ёвари сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Виталий Илченко изҳор кард, ки Русия механизми алтернативии танзими раванди муҳоҷирати корӣ аз кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Тоҷикистонро ҷорӣ мекунад.
«Чунин механизм интихобест, ки он ҳадафмандона ташкил мегардад, яъне дар давлатҳое, ки муҳоҷирони кориро қабул мекунанд, заминаи маълумотномаи ҷойҳои кории холӣ ва дар кишваре, ки аз он шаҳрвандон муҳоҷиратро ихтиёр мекунанд, заминаи маълумотномаи коргарон ташкил мегардад. Мутаносибан, ба Русия коргарони мушаххас сафарбар мешаванд, ки бо корфармо қарордоди меҳнатӣ доранду он будубоши қонунӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳоро таъмин менамояд», - шарҳ дод Илченко.
Ӯ иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон ба ин кор КВД «Тоҷиквнештур» ва дар Русия КВДФ «Паспортно-визовый сервис» машғуланд. «Механизми ҳадафмандонаи интихоб якчанд моҳ пештар ба кор оғоз кард ва дар доираи он аллакай зиёда аз 100 нафар муҳоҷирони кории тоҷик ба шаҳри Санкт-Петербург омада, соҳиби ҷойҳои корӣ гардиданд», - иброз дошт номбурда.
Илченко ҳамчунин иброз дошт, ки дар зарфи се соли ахир симои нави муҳоҷири меҳнатӣ ташаккул ёфтааст ва «акнун симои нави корфарморо дидан мехоҳем». «Аз ин рӯ, назорат аз болои риояи ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирони корӣ аз ҷониби корфармоён пурзӯр карда мешавад», - гуфт ӯ.
Вай афзуд, айни замон масъалаи имкони баргузории муоинаи тиббии муҳоҷирон дар ватан пеш аз сафар мавриди баррасиву таҳия қарор дорад.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста