Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар майдони асосии шаҳри Душанбе – «Дӯстӣ» арчаи солинавии 21-метра қомат меафрозад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, рӯзи 31-уми декабр дар ҳамин майдон барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик ва соати 21:25 муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона баргузор мегарданд.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои 30-31-уми декабр дар боғҳои истироҳату фароғати ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800-солагии Маскав»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни идона доир мегарданд.