Рӯхонии маъруф ва сиёсатмадори варзидаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ҳодисаи қатли ҷавоне, ки сарулибоси Бобои Барфӣ дар бар дошт, ки изҳор кард, ки он ҷанбаи мазҳабӣ надорад.

«Дар ҳама гуна ҳолат қатли инсон фоҷеа аст, вале агар ҷавонон нияти куштани тамоми беимононро медоштанд, пас ҳам истеъмолгарони машруботу ҳам занони бидуни ҳиҷобро низ ба қатл мерасониданд, вале дар кишвари мо то ҳол чунин вазъ ба амал наомадааст», - гуфт ӯ.

«Ҳеҷ гоҳ дар Тоҷикистон алайҳи Бобои барфӣ ҳеҷ таблиғоте бурда нашудааст. Аз кӯдаки мо одат кардаем, ки Бобои барфиро чун шахси ғамхору накӯкор ва дилсӯз тасаввур намоем. Ман мушоҳида накардаам, ки касе аз мазҳабиён муқобили ӯ суханони қабеҳу тавҳиномез ба забон оварда бошад. Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки ин куштор ҷанбаи мазҳабӣ надорад», - иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, Тӯраҷонзода зикр кард, ки айни замон ҷавонони тоҷик муқобили ҳама чизанд, зеро аз ҳаёти худ қаноатманд нестанд, воқеият ба талаботи онҳо посухгӯ нест ва аз ин рӯ, бо ҳар як сабаби ночизе даст ба ҷанҷолу хархаша мезананд.

Дар шарҳи даъвати чанде аз имомхатибони масҷидҳо бобати таҷлил накардани ҷашни Соли нави масеҳӣ, номбурда гуфт, онҳо танҳо ба суолҳои ибодаткунандагони масҷидҳо посух гуфта, аз лиҳози шариат иди мусулмонӣ набудани ин ҷашнро мефаҳмонанд.

Ёдрас мекунем, ки қабл аз Соли нав, 30-юми декабр муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода изҳор кард, ки мусалмонони кишвар Соли нави мелодиро набояд ҷашн гиранд. Ба андешаи ӯ, ҷашни Соли нав мухолиф ба қонунҳои ислом ва анъанаҳои миллии тоҷикон аст.

Мавриди зикр аст, ки шаби 2-юми январ дар кӯчаи Синои пойтахт сокини 24-солаи шаҳри Душанбе Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои Барфӣ пӯшида буд, ба қатл расонида шуд. Пас аз ин ҳодиса П.Давлатбеков бо ҷароҳатҳои зиёд аз зарбаи корд ба яке аз беморхонаҳои пойтахт оварда шуд, вале сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, ба ҳуш наомада, ҷон додааст.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ изҳор медорад, қатли сокини 24-солаи пойтахт Парвиз Давлатбеков, ки сарулибоси Бобои барфӣ дошт, бар асари як ҷанҷоли маъмулӣ содир шудааст.

Сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилооти дар як қатор ВАО интишоршуда дар бораи ҷанбаи мазҳабӣ доштани ҷинояти мазкурро ғайривоқеӣ арзёбӣ кард.