Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода иттилооти як қатор расонаҳои хабариро дар бораи он ки ӯ гӯё аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овардааст, ки ҷашни Соли нави милодиро таҷлил накунанд, рад месозад.
Дар робита ба ин масъала Абдуқодирзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки ӯ дар посух ба саволи хабарнигори хадамоти тоҷикии Би-Би-Сӣ, ки пурсидааст: «Шумо баргузории маросими Ошӯроро манъ кардед, пас чаро таҷлили ҷашни Соли навро маҳкум намекунед?», посух додааст, ки «Ошӯро маросими динӣ аст, вале Соли нав иди дунявист. Ин ҷашни исломӣ нест ва дар Қуръон дар ин хусус чизе гуфта нашудааст. Аммо суханони маро ба дигар маънӣ пешниҳод карданд».
Ёдрас мекунем, ки дар арафаи фарорасии Соли нави милодӣ хадамоти русии хабаргузории Би-Би-Сӣ иттилоъ дода буд, ки Абдуқодирзода аз мусулмонони Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки аз таҷлили ҷашни Соли нави милодӣ худдорӣ варзанд, зеро он мухолифи рукнҳои исломӣ буда, ба расму оини тоҷикон мутобиқат намекунад.
Аммо таваҷҷуҳи зиёд ба суханони муфтӣ пас аз қатли Парвиз Давлатбекови 24-сола дар пойтахт, ки сарулибоси Бобои барфӣ дар бар дошт, пайдо шуд. Чанде сурат гирифтани ин амалро ба ҷанбаи мазҳабӣ нисбат доданд, вале мақомоти расмӣ, аз ҷумла ВКД ин андешаро ғайривоқеӣ арзёбӣ карда, изҳор карданд, ки ҷинояти мазкур дар натиҷаи як ҷанҷоли маъмулӣ содир гардида, ҷавонони ҷинояткор дар ҳолат мастӣ қарор доштанд.
Дар мавриди шарҳи масъалаи мазкур С.Абдуқодирзода гуфт, ҳеҷ инсоне бо сарулибоси дгар ба бар кардан «кофир» намешавад. «Қатли инсон гуноҳи бузург ва нобахшиданӣ аст. Оллоҳ то он замоне, ки гунаҳкор тамоми азобҳои расонида ба дигар касро худ эҳсос накунад, ҳеҷ гоҳ қотилонро нахоҳад бахшид», - мегӯяд раиси Шӯрои уламо.
«Ман ин амалро дар ҳама гуна ҳолат маҳкум менамоям, мусулмонони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ ба чунин амал даст намезанад», - афзуд муфтӣ.
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
asluddin7 январ, 2012 07:43
asalomu alaikum muhtaram mufti domulloh awalo khudo solimu salomat nigohaton dorad baad guftaniyam ki dar khususi baqhaid girii oshuro mawqhifi shumo khele bajo bud wa sad dar sad muwofakat mekunad akidai mazhabi nobi hanafii tajikonro ki omadaast dar fikhi akbar mo naboyad dar khususi fitnai guzashtai baini on buzurgon qhazowat kunem boyad sukutro ikhtiyor kunem wa duoi nek kunem digar inki in soli naw ham janbahoi dini dorad boyad ki mo durust shinosonem mardumro wa ozod guzorem onhoro ki chikhohad khud ikhtiyor kunad milsli ki dar solhoi guzashta shuda bud .