Чанде қабл аввалин ҷаласаи ҷамъбастии Ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷамъомадро Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Девонаев ифтитоҳ намуда, масъалаҳои дар маҷлис баррасишавандаро ба маълумоти ҳозирин расонид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар суханронии худ С.Девонаев ба мушкилоти омодасозии кадрҳои соҳибтахассус таваҷҷуҳи хосса зоҳир сохта, иброз дошт, ки соли равон Русия низ чун дигар кишварҳои хориҷи дур муҳоҷирони меҳнатиеро, ки касб ва ихтисоси мувофиқ доранд, ба кор қабул хоҳад кард.

Аз рӯи масъалаи аввал – «Оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо барои соли 2012» муовини якуми Сардори Хадамоти муҳоҷират А. Бобоев бо маърӯзаи муфассалу мукаммал баромад намуда, фаъолияти мақомоти тозабунёдро дар соли сипаригашта мавриди таҳлилу тафсири амиқ қарор дод ва аз бурду бохти ҳайати кормандон ёдовар шуд. Зимни баромади худ мавсуф зикр намуд, ки бо вуҷуди навтаъсис буданаш, Хадамот дар самти сиёсати муҳоҷирати меҳнатӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, аз нигоҳи стратегӣ муносибат ва шеваи корбариро доир ба раванди омодасозӣ ва бозомӯзӣ ба касбҳои дар бозори меҳнат серталаббуда куллан дигар кард. Тамоми системаи маълумоти касбию техникӣ бо омӯзонидани забони хориҷӣ, қонунгузории мамолики кордиҳанда, модули ҳамгироӣ ва амсоли инҳо ояндаи наздик мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода хоҳанд шуд. Хадамоти муҳоҷират якҷоя бо Намояндагии худ дар Федератсияи Россия ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалиро анҷом дода, минбаъд ҳам фаъолияти ниҳоятан масъулиятталаби хешро дар ин ҷода тақвияту тавсиа мебахшад.

Хадамоти муҳоҷират дар робита ба татбиқи “Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012” ҷиҳати такмили механизми танзим ва мураттабсозии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ, фаъолсозии муколамаи сиёсӣ бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави давлатҳои хориҷӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Рӯзи 28 октябри соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Белорус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Белорус оид ба фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Созишномаи мазкур имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба роҳ монда шуда, бозори меҳнати кишварҳои Аврупо мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

 Дар ин давра лоиҳаи як қатор созишномаҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ омода гардиданд.

Сипас сардори Сарраёсати муҳоҷират меҳнатӣ Т. Шарипов, сардори Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Россия А. Одинаев, Сардорони Раёсатҳои Дастгоҳи марказӣ ва вилоятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти кории сохторҳояшон дар соли 2011 ҳисобот дода, ҳамзамон аз ҷониби роҳбарият дастуру супоришҳои наву тоза гирифтанд.

Дар маҷлиси Ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷират мудири шӯъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрбобоев Алишер Иззатуллоевич бо маърӯзаи пурмуҳтаво ва ҷолибу судманд баромад карда, таъкидан иброз дошт, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва феълан моро зарур аст, ки ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатиямон аз ҳамин ҷо – аз Ватанашон шурӯъ гардад: онҳо бояд забон, қонунҳо ва касбҳои давлати қабулкунандаро хуб донанд.

Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки соли 2011 шумори муҳоҷирони истирдод ё хориҷшудаи Тоҷикистон аз Русия нисбат ба соли 2010 ба андозаи 26% камтар шудааст. Соли гузашта аз Русия 2327 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон истирдод ё хориҷ карда шудаанд. Соли 2010 ин рақам ба 3157 нафар баробар буд.

Мувофиқи омори расмӣ, соли гузашта 735 ҳазору 31 нафар тоҷикистониён сафари хориҷи кишварро ихтиёр кардаанд, ки 653 ҳазору 257 нафарашон мардон ва 81 ҳазору 774 нафарашон занон мебошанд. Дар давоми сол 572 ҳазору 728 нафар муҳоҷирони корӣ ба ватан баргаштаанд. Соли 2011 дар Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 2 ҳазору 245 нафар муҳоҷирони кории хориҷӣ ба қайд гирифта шуда буданд.