Дар 8 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон то ҳанӯз ҳудуди 150 маҳаллаи аҳолинишин ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ васл карда нашудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабакаҳои барқии минтақи Кӯлоби вилояти Хатлон Мирзо Исмоилов хабар дод, ин маҳаллаҳои аҳолинишин ахири асри 20 ва аввали асри 21 ҳангоми ба деҳаҳои авлодӣ баргаштани аҳолии ба водиҳо кӯчонидашуда бунёд ёфтаанд.
Ба гуфтаи вай, гузаронидани хатти интиқоли барқ ба ин деҳаҳо ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ аст. «Дар аксари ин деҳаҳо 2-3 ва дар баъзе ҷойҳо 5-8 оила зиндагонӣ мекунанд ва рустоҳое мавҷуданд, ки ҳамагӣ 4 нафар иқомат доранд», - мегӯяд ӯ.
Исмоилов мегӯяд, ба ҳар як деҳа ба масофаи аз 6 то 11 километр хатти интиқоли барқ гузаронидан зарур аст. «Дар ҳамаи деҳаҳо насби трансофрматори алоҳида ва бунёди зеристгоҳ лозим меояд, ки хароҷоти молиявии зиёдро тақозо мекунад, вале дар ояндаи наздик рӯйпӯш шудани ин хароҷот маълум нест», - иброз дошт Исмоилов.
«Вале аз ин вазъ дар ширкати «Барқи тоҷик» фаромӯш намекунанд. Соли 2011 ҳудуди бист деҳаҳои ноҳияҳои Шӯроободу Балҷувон ба низоми энергетикии ҷумҳурӣ пайваст карда шуданд», - афзуд номбурда.
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста