Дар минтақаи начандон дур аз шаҳри Кӯлоб корхонаи нави коркарди нахи пахта ба истифода дода шуд, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 13-умин чунин корхона мебошад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи наздик ба маъмурияти корхонаи «Тиллои сафед» хабар дод, корхона дар заминаи собиқ анбори нигаҳдории меваи ҶДММ «Вектор»-и шаҳри Душанбе бунёд карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, таҷҳизоти истеҳсоли Чин мутобиқ бо назардошти камбуди ашёи хом дар минтақа васлу ҷобаҷогузорӣ шудааст. Иқтидори корхонаи хурди мазкур коркарди то 8-10 ҳазор тонна нахи пахта дар як солро ташкил медиҳад.
«Аллакай аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ 1100 тонна ашёи хом харида шуда, ҷиҳати таҳияи барномаи маблағгузории истеҳсоли пахта дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳадди ақал то 5 ҳазор тонна барои мавсими соли 2012 чораҳо андешида мешаванд», - гуфт манбаъ ва илова намуд, ки ҶДММ «Вектор» ба ҳуқуқи фурӯши нахи пахта бидуни корхонаҳои миёнарав соҳиб гардид.
Ёдрас мекунем, ки дар 5 ноҳияи пахтакори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҳамасола то 60 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад.
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста