Дар шаҳри Душанбе кӯчонидани тамоми биноҳое, ки дар назди манзилҳои баландошёна ғайриқонунӣ сохта шудаанд, оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, кӯчонидани биноҳои ғайриқонунӣ дар доираи шанбегиҳо, ки шурӯъ аз 21-уми январ то ҷашни Наврӯз идома меёбанд, сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи Саидов, ҳамчунин панҷараҳои атрофи манзилҳои баландошёна низ кӯчонида шуда, қитъаҳои замине, ки аз ҷониби шахсони ҷудогона ғайриқонунӣ ва худсарона азхуд карда шудаанд, низ ба тавозуни шаҳр баргардонида мешаванд.
«Ғайр аз ин, дар доираи баргузории шанбегиҳо, ки ба сарфи назар аз шакли моликият, кормандони тамоми ташкилоту корхонаҳои пойтахт ва намояндагони аҳли ҷомеа даъват карда мешаванд, ба корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд», - гуфт вай.
Ёдрас мекунем, ки соли равон дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистону Эрон ва як қатор кишварҳои дигари минтақа ҷашни байнулмилалии «Наврӯз» таҷлил мегардад.
Маҷмааи «Наврӯзгоҳ» дар ҷойи собиқ ипподроми пойтахт дар майдони 27,76 га бунёд гардид. Барои сохтмони он аз буҷети пойтахт 31,8 млн. сомонӣ (беш аз 7 млн. $) маблағ ҷудо гардида, он моҳи марти соли 2011 мавриди истифода қарор гирифт.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста