Вазири адлияи ҶТ Рустам Менглиев дар ҷамъи рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки шумори иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 2,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки асосан созмонҳои хайрияву ҷавонон ва ташкилотҳои ғайриҳукуматии гендерӣ мебошанд.
«Соли гузашта дар Тоҷикистон 201 иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуд», - таъкид кард вазири адлия.
Ба қавли Р.Менглиев, соли гузашта 1 ҳазору 71 иттиҳодияи ҷамъиятӣ бинобар сабаби иҷро накардани талаботи қонун оид ба пешниҳод кардани маълумот дар бораи идомаи фаъолият огоҳинома гирифтааст. «Ба судҳо 14 даъво пешниҳод гардида 9-тои он қонеъ гардонида шуданд ва фаъолияти се созмон боздошта шуд», - гуфт Менглиев.
Ғайр аз ин, зикр гардид, ки соли 2011 мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷумҳурӣ 94 ҳазору 618 адад шаҳодатномаи ақди никоҳ (соли 2010 – 100 ҳазору 440 адад) ва 200 ҳазору 475 адад шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдак (соли 2010 – 189 ҳазору 187 адад) додаанд.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста