Рӯзҳои 10-15 - уми январи соли равон олимпиадаи вилоятии хонандагон аз фанҳои таълимӣ дар мактаб-интернати ёрирасони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аз 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд хонандагони синфҳои 10-11 иштирок намуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар олимпиадаи вилоятӣ 696 нафар толибилмони лаёқатманд ширкат варзида, хонандагони синфи 11 аз рӯи 18 фанҳои таълимӣ донишу маҳорати худро санҷиданд.
Дар натиҷа 50 нафар ба ҷойи якум, 38 нафар ба ҷойи дуюм, 37 нафар ба ҷойи сеюм сазовор гардида, ба давраи ҷумҳуриявии олимпиада роҳхат гирифтаанд. Ҳамчунин 69 нафар хонандагони синфҳои 10-11 барои иштироки фаъолона соҳиби ифтихорнома гардиданд.
Бояд гуфт, ки дар олимпиадаи имсола хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Ҷ.Расулов ва мактаби президентии шаҳри Чкалов бештар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гаштанд.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста