Аз 140 мактаби таҳсилоти умумии амалкунанда дар пойтахти Тоҷикистон дар 40-тоаш тарки мансаб намудани директорони феълӣ дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, комиссияи махсуси таъсисёфта оид ба иҷрои супориши раиси шаҳри Душанбе дар бораи иваз кардани директорони мактабҳои пойтахт, ки беш аз 5 сол дар ин мансаб ифои вазифа намудаанд, иваз кардани 40 нафар директорони мактабро тавсия додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, комиссия зимни омодакунии пешниҳодот дар бораи иваз кардани директорони мактабҳо, пеш аз ҳама дастовардҳои муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои сатҳҳои гуногунро ба инобат гирифтааст.
«Ғайр аз ин, қонуншиканиҳои аз ҷониби толибилмони мактабҳо содиршуда, сатҳи касбияту тахассуси омӯзгорони муассисаи таълимӣ ва муҳлати дар мансаби директори мактаб қарор доштани шахс низ ба эътибор гирифта шуд», - афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар ҷаласаи мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баҳри тақвият бахшидан ба масъулияти роҳбарӣ ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳу сифат дар низоми хоҷагидорӣ дастур фармуд, ки дар мӯҳлати ду ҳафта мудирони шӯъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳр, директорони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин сардухтурони дармонгоҳҳо ва беморхонаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, ки беш аз панҷ сол ифои вазифа намудаанд, бо кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба иваз карда шаванд.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста