Раиси вилояти Суғд  Коҳир Расулзода бо фаъолияти чанде аз муассисаҳои тиббии шаҳри Хуҷанд аз наздик ошно гардид.

Тавре аз хадамоти матбуои раиси вилояти Суғд хабар доданд, ӯ нахуст бо рафти таъмири бинои таваллудхонаи вилоятӣ шинос шуд. Зимни шиносӣ Раиси вилоят дар назди масъулин вазифа гузошт, ки то санаи 5 феврал корҳои таъмирро ба охир расонида барои насби таҷҳизоти муосири ташхисии ядромагнитии истеҳсоли Олмон, ки ба маблағи 3 миллион доллар харида оварда шудааст шурӯъ намоянд.

Ҳангоми боздиди корӣ раиси вилояти Суғд бе огоҳӣ ногаҳон вориди боз як беморхонаи куҳанбунёди шаҳри Хуҷанд - Маркази равоншиносии вилоят шуд.

Ин муасисаи тиббӣ солҳои зиёд аз мадди назар дур монда буд. Бинои беморхона таърихи сад сола дорад. Холо он дар як ҳолати таъмирталаб қарор дошта, ҳуҷраҳои он шароити корӣ надорад. Бинобар гуфти сардухтури беморхона бино давоми 50 соли охир таъмири куллӣ нашудааст.

Раиси вилоят аз шароити табобати беморон ва ҳуҷраҳои беморхона дидан намуд. Камбудию норасогиҳои ҷойдошта ва шароити вазнини муасисаи тиббӣ аз ҷониби Қоҳир Расулзода  ба инобат гирифта шуд. Дар саҳни ҳавлии Маркази равоншиносии вилоятӣ Раиси вилоят бо аҳли кормандони беморхона мулоқот намуд.

Мувофиқи дастури Раиси вилоят Қоҳир Расулзода сохтмони бинои нави Маркази равоншиносии вилоят иборат аз бинои  шӯъбаи занонаю мардона дар арафаи иди Ваҳдати Миллӣ сохта ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин Қоҳир Расулзода аз гармхонаи «Гулафшон»-и шаҳри Хуҷанд боздид намуд.

Раиси вилоят ба фаъолияти гармхонаи «Гулафшон» баҳои хуб дода, пешниҳод намуд, ки дар оянда барои парвариши дарахтони нодири тропикӣ низ оғоз намоянд. Зеро ба чунин дарахтони ороишӣ имрӯз дар вилоят талабот ҳаст.

Зимни сафари корӣ Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ ба Осоишгоҳи вилоятии бачагонаи зидди бемории сили «Равшан»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф овард. Раиси вилоят аз шароити зиндагии кӯдакони осоишгоҳ таъминот бо  хӯрока ва таҳсил шинос шуд.

Зимни боздид Раиси вилоят аз масъулин талаб намуд, ки ба масаъали ободонӣ ва кабудизоркунӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Осоишгоҳи вилоятии бачагонаи зидди бемории сили «Равшан» дорои 13 гектар замини корам мебошад. Раиси вилоят дар назди масъулин вазифа гузошт, ки ҳарчи тезтар масъалаи обёрии заминро ҳал намуда, дар ин майдон боғ бунёд намоянд.