Чанде қабл вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо директори Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ Бахтия Муҳамадиева баргузор шуд.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷараёни иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 378 «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо доир ба ташкил намудани гурӯҳи корӣ барои ба роҳ мондани назорати қатъӣ ва дақиқи омаду рафти муҳоҷирони меҳнатӣ дар нуқтаҳои наздисарҳадӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.
Ёдрас мекунем, ки зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти ҳукумати кишвар дар соли 2011 сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъалаи носаҳеҳ будани маълумоти оморӣ дар бораи муҳоҷирони меҳнатии хориҷи кишварро мавриди интиқод қарор дода буд.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста