Страсбург нисбат ба дуздии арзкунандагон аз Русия ба Тоҷикистон, ки истирдоашонро манъ кардааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ кард.
Ҳафтаи гузашта, 25-уми январ, Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон ба Ваколатдори Русия дар назди Суди Аврупо Георгий Матюшкин мактубе ирсол кард, ки дар он нисбат ба ҳодисаҳои аз Русия бедарак шудани арзкунандагоне, ки кишварҳои хориҷӣ истирдодашонро талаб мекунанд, изҳори нигаронии ҷиддӣ карда шудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» Елена Рябинина, роҳбари барномаи русиягии «Ҳуқуқ ба паноҳгоҳ»-и Пажӯҳишгоҳи ҳуқуқи инсон, ки ба гурезагон аз минтақаи Осиёи Марказӣ кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад, хабар дод.
Раиси Суди Аврупо аз ҳодисае изҳори нигаронӣ кардааст, ки Муродҷон Абдулҳақов, Сӯҳроб Қозиев, Савриддин Ҷӯраев ва Рустам Зоҳидови бедаракшуда, ки истирдоди онҳо мувофиқи қоидаи 39-и регламенти суд боздошта шуда буд, аз ҷониби шахсони номаълум ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бурда шудаанд.
«Тавзеҳоте, ки айни замон аз ҷониби ҳукуматдорони Русия пешниҳод шуданд, чӣ гуна бидуни хоҳиши онҳо тавассути марзи давлатии Русия гузарониданашонро шарҳ дода наметавонанд. Ва ин ҳам сарфи назар аз он, ки ҳукумат итминон дода буд, ки қарор дар бораи истирдоди онҳо то баррасии парвандаи онҳо дар суд, ба иҷро расонида намешаванд», - омадааст дар нома.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста