Роҳбари Бахши робита бо ҷомеъаи Сафорати Амрико Весли Робертсон дар маросими расмии ифтитоҳи аввалин Равзана ба Амрико дар ноҳияи Файзобод ширкат варзид.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, равзана ба Амрико кӯшиши муштараки ҳукумати маҳалии шаҳраки Файзобод ва Сафорати Амрико мебошад. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод Ҳакимов Абдулло, ҷонишини раис Раҷабова Сайбӣ, хатмкунандаи барномаи мубодилаи Департаменти давлатӣ Раҳимов Умед ва инчунин муаллимон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Ҳукумати маҳаллии Файзобод утоқеро дар маркази нави ҷавонон ба китобхонаи хурд табдил доданд ва Сафорат чорто компюер, мизҳо барои компютер ва инчунин маводҳо ба забони англисӣ ва брошураҳо дар бораи ҳаёт дар Амрико ва барномаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд, тақдим намуд. Ихтиёриён аз гӯшаи Амрикои шаҳри Душанбе дар ҳамроҳӣ бо муаллимони забони англисии амрикоӣ, ки аз тарафи Сафорат дастгирӣ шудаанд, ба ин Равзана ба Амрико ташриф оварда, ба муаллимон ва донишҷуён онро муаррифӣ намуданд. Кормандони гӯшаи Амрикои Душанбе барои муаррифии он ва дастрас намудани китобҳо ва маводҳои забони англисӣ ҳар моҳ ба ноҳияи Файзобод ташриф хоҳанд овард. Инчунин, лекторон ва муаллимони забони англисӣ аз Сафорати Амрико ба Равзанаи Амрикои ноҳияи Файзобод ташриф оварда, бо донишҷӯён дар мавзӯҳои гуногун оид ба ҳаёт дар Амрико, фарҳанг, маслиҳатҳои омӯзишӣ, барномаҳое, ки аз тарафи ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд ва семинарҳо барои муаллимон, сӯҳбатҳо хоҳанд орост.
Дар маросими ифтитоҳ, ҷаноби Весли Робертсон чунин қайд намуд: «Мо умедворем, ки нафарони зиёди тоҷик ва амрикоӣ ба ин Равзанаи Амрико ташриф оварда, барои сохтмони пули ҳамдигарфаҳмӣ байни ду кишварро мусоидат хоҳанд кард. Мо дустӣ ва ҳамкории шуморо хеле қадрдонӣ мекунем ва мунтазири боз чандин ташрифҳо ба Равзанаи Амрикои ноҳияи Файзобод мешавем, то ки дустии мо боз ҳам мустаҳкамтар гардад».
Гӯшаҳои Амрико ва Равзанаҳо ба Амрико яке аз воситаҳое мебошанд, ки тавасути онҳо мардуми Амрико маорифи Тоҷикистон ва ҷавонони деҳотро дастгирӣ менамояд.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста