Мутобиқи озмуни эълоннамудаи Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ оид ба беҳбуди симои маркази пойтахти Тоҷикистон, кӯчонидани бинои ҳозираи Почтаи марказӣ ва толори кинову консерти «Кохи Ҷомӣ», студияи телевизиони «Сафина» ва бинои Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар назар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз Агентии мазкур хабар дод, аз озмун моҳи марти соли равон, дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз натиҷагирӣ карда мешавад.
«Мувофиқи шартҳои озмун, дар ҷойи бинои Почтаи марказӣ сохтмони бинои нави Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, дар ҷойи бинои «Кохи Ҷомӣ» сохтмони бинои нави Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, дар ҷойи бинои телевизиони «Сафина» бунёди бинои маъмурии Кумитаи телевизиону радио ва дар макони бинои Вазорати кишоварзӣ сохтмони бинои нави вазорати мазкур пешбинӣ шудааст», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба озмуни мазкур танҳо як дархости лоиҳавӣ пешниҳод гардидааст.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста