Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия ба дастрасии маоши чормоҳаи муҳоҷирон муваффақ шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии мазкур хабар доданд, як гурӯҳи бинокорони муҳоҷири тоҷик таҳти сарварии Темур Зайниддинови 47-сола ба намояндагӣ ҷиҳати кӯмак ба ҳалли мушкилоти мавҷуда оид ба пардохти музди меҳнат аз ҷониби корфармо муроҷиат кардаанд.
«Маълум шуд, ки онҳо тамоми ӯҳдадориҳои худро тибқи шартнома дар назди ҶСП «Уралтяжтрубстрой» (ш. Первоуралски вилояти Свердловск) ба иҷро расонида, дар муддати чор моҳ корфармо ба онҳо музди меҳнаташонро пардохт намекунад», - гуфтанд дар намояндагӣ.
Ба иттилои манбаъ, бо дахолати намояндагӣ муяссар шудааст, ки дар масъалаи пардохти музди меҳнати муҳоҷирон аз моҳи октябри соли 2011 дар ҳаҷми пурра мувофиқа ҳосил шавад.
«Ҳамин тариқ, рӯзи 9-уми феврал муҳоҷирони тоҷик музди меҳнати чормоҳаи худро пурра дар ҳаҷми ҳудуди 283 ҳазор рубл гирифтанд», - афзуд манбаъ.
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Вазорати меҳнат рӯйхати касбу ихтисосҳоро барои муҳоҷирати корӣ ба Қатар нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Тавбаи насӯх”
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ чӣ гуна тағйир ёфт?
Нурулло Алиев амрикоиро мағлуб карда, рекорди худро то 10-0 расонид
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста