Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи навбатии васеи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар қисмати роҳҳои протоколии ҳалқаи якуми шаҳр:  кўчаи С.Айнӣ ва хиёбони Рўдакӣ баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа масъулини сохторҳои шаҳрдорӣ, як зумра директорони Пажўҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ки дар ҳудуди шаҳр фаъолият доранд ва кулли соҳибмулкону роҳбарони субъектҳои хоҷагидории иншооташон дар ин маврид тибқи Нақшаи генералии шаҳр барои азнавсозӣ пешбинигардида аз ноҳияҳои Шоҳмансур ва И. Сомонӣ ширкат варзиданд.

«Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати корҳои анҷомгирифтаи фаҳмондадиҳӣ бо соҳибмулкон, ки тўли ҳафтаи гузашта тибқи дастури шаҳрдорӣ аз тарафи сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ҷараён дошт, изҳори қаноатмандӣ намуда, бори дигар бо кулли соҳибмулкон  бобати моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкур сўҳбат карда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир ба ҳеҷ ваҷҳ ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол нахоҳанд гашт ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман  риоя ва ҳифз карда мешаванд», - гуфт вай.

Ба қавли ӯ. М.Убайдуллоев дастур додааст, ки бо инобати таклифҳои соҳибмулкон лоиҳаҳои  тибқи Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур бунёдшавандаро дар Шўрои шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои тасдиқ унвонии Раиси шаҳр пешниҳод намоянд.

«Раиси пойтахт зикр кард, ки азнавсозии  иншооти зикргардида бояд на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шаванд», - афзуд номбурда.