Имрӯз, 5-уми апрели соли ҷорӣ, дар бинои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Шӯрои ҷамъиятии назди Ҳадамоти муҳоҷират баргузор мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, дар кори ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, созмонҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Точикистон, рӯзноманигорони дохил ва хориҷи кишвар, инчунин кормандони Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории ҷаласаи Шӯрои Ҷамъиятӣ ин баррасии иқдомҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иқдомҳои илмӣ ва идорӣ, ки ба ҳалли мушкилиҳои муҳими муҳоҷирати меҳнатӣ вобастагӣ доранд, хамчунин таъмин намудани ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, шарикони байналмилалӣ, истифодаи иқтидори онҳо барои баланд бардоштани самаранокии амалинамоӣ ва такмилдиҳии қонунҳои ҶТ дар соҳаи муҳоҷират, инчунин таҳияи пешниҳодот доир ба самтҳои асосии сиёсати давлат ва қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа мебошад.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни нишаст муҳокимаи муштараки барномаҳои минтақавӣ, лоиҳаҳо ва грантҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳисоби доннорҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ маблағгузоришаванда, ки дар Осиёи марказӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд матраҳ хоҳад гашт.

Дар анҷоми мулоқот пешниҳодҳои иштирокчиёни ҷаласа барои лоиҳаи Нақшаи кории Шӯрои ҷамъиятӣ барои соли 2013 ба тасвиб мерасад.