Дар шаҳри Душанбе додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон барқарор гардид.

Дар Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала изҳор карданд, ки чунин сурат гирифтани кор сабаби техникӣ дошта, ҳудуди як ҳафта ҳамаи мушкилот батараф шудааст.

«Сабаби боздошти додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба мавҷуд набудани алоқа марбут буд, - гуфт ба ОИ «Азия-Плюс» корманди Раёсати консулгарии ВКХ Нурулло Булбулов. – Гап сари он аст, ки хадамоти шиносномадиҳиву сабт маълумот дар бораи шаҳрвандонро ҷамъ оварда, тавассути шабакаи Интернет ба мо мефиристад, ки моро бо он ширкати «Тоҷиктелеком» таъмин мекунад, вале бинобар сабаби анҷоми муҳлати амали шартнома бо ин ширкат, муддати ду ҳафта мо аз интернет маҳрум будем ва акнун шартномаи нав ба имзо расонида шуда, алоқа барқарор гардид».

Ба гуфтаи Н.Булбулов, дигар ҳамаи чор нуқтаи дигари ҷамъоварии маълумот дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Қурғонтеппа бо реҷаи муқррарӣ фаъолият доштанд.

Ёдрас мекунем, ки сар аз 1-уми феврали соли 2010 дар Тоҷикистон додани шиносномаҳои биометрии хориҷӣ ба шаҳрвандон оғоз гардид. Айни замон арзиши шиносномаи биометрии хориҷӣ 75 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Шиносномаҳои оддӣ ҳудуди 20 доллари ИМА арзиш доранд.