Дар шаҳри Конибодом омӯзгори беҳтарини сол интихоб карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳр Ховархон Наҷмиддинова хабар дод, дар даври ниҳоии озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» панҷ нафар ғолибони давраҳои интихобии минтақавӣ ширкат варзиданд.

«Озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» дар навбати аввал ба баланд бардоштан ва беҳбуди сатҳи касбӣ ва эҷодии муаллимон ва дарёфти омӯзгорони ҷавону қобилиятнок мусоидат мекунад», - иброз дошт Наҷмиддинова.

Ба қавли номбурда, таҷрибаи ташкил ва баргузории чунин озмунҳо гувоҳи он аст, ки ба иштирокчиён ҷиҳати тавсеаи муколамаву ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани мақоми касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни «Омӯзгори беҳтарини сол» дар Конибодом муаллими таърих ва ҳуқуқи литсеий шаҳрии №1 Зарнигор Баротова ғолиб дониста шуда, ӯ баҳри иштирок дар озмуни вилоятӣ ва истироҳат дар осоишгоҳи «Зумрад» роҳхат дарёфт кард.

Зикр гардид, ки иштирокчиёни дигари озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои кумитаи тадорукот сарфароз гардонида шуданд.