Бемористони марказии ноҳияи Восеъ, ки дорои 214 кат аст, бо қарзи 30 ҳазор сомонӣ яке аз пешсафон дар пардохт накардани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби муассисаҳои буҷетӣ дар минтақаи Кӯлоб аст.

Чуноне як манбаъ аз бемористони мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо афзоиши қимати барқ аз 1-уми апрели соли равон, мушкилоти пардохти маблағи истифодаи он боз бештар хоҳад шуд. «Ба чунин муассисаи тиббии бузург барои пардохти маблағи истифодаи барқ дар соли 2012 ҳамагӣ 8933 сомонӣ ҷудо шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки талабот ҳадди аққал 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад», - мегӯяд ӯ.

Ба қавли манбаъ, агарчанде тайи як-ду соли ахир атрофи болоравии нархи истифодаи барқ гуфтугузорҳо сурат гирифта бошанд ҳам, дар нақшаи хароҷоти соли 2012 болоравии қимати барқ аз 1-уми апрел ба эътибор гирифта нашуда, он чун соли гузашта дар ҳаҷми 8933 сомонӣ боқӣ мондааст.

Бино ба иттилои як манбаъ дар Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, дар минтақа ҳамасола барои хароҷоти истифодаи барқ на бештар аз 35-40% аз талабот маблағ ҷудо мегардад ва агар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба кумак дар ҳалли ин масъала қодир набошанд, қарзҳои муассисаҳои тиббӣ сол то сол зиёд мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз муассисаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар доданд, маблағи қарзҳои муассисаву ташкилотҳои буҷетии минтақа ба 1 млн. сомонӣ наздик мешаванд.