Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» —Бо ҳадафи расонидани кӯмак ба сӣ намояндаи хадамоти дипломатӣ ва консулгариҳо, Хадамоти муҳоҷират ва роҳбарони диаспораи тоҷикон дар хориҷа, тақвият додани қобилияти онҳо дар ошкор намудани ҳолатҳои эҳтимолии хариду фурӯши одамон, муайян кардани ҷабрдидагон ва роҳнамоии онҳо барои кӯмак ба созмонҳои ҳукумативу ҷомеаи шаҳрвандӣ имрӯз дар Душанбе семинари дурӯзаро оғоз намуд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, семинар аз ҷониби Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) дар ҳамкорӣ бо Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамони назди Ҳукумати Тоҷикистон бо маблағгузории Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ташкил шудааст.
Тоҷикистон кишварест, ки хариду фурӯши одамон бо мақсади истифодаи меҳнати иҷборӣ ва шаҳвонӣ аз он сарчашма мегирад. Барои сафоратҳо, консулгариҳо, хадамоти муҳоҷират ва созмонҳои диаспора мубориза бурдан бар зидди хариду фурӯши шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои қабулкунанда қатъиян муҳим аст. Бештари вақтҳо ин гурӯҳҳо нуқтаи нахустини тамос байни кишвари аслӣ ва ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон ҳастанд. Амри воқеист, ки кормандони расмии ин созмонҳо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилаливу маҳаллие, ки дар самти мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон кор мекунанд, малакаҳои зарурӣ дошта бошанд.
СБМ ва Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ USAID барои таъмин намудани кӯмаки муҳофизат ба ҷабрдидагони хариду фурӯши одамон дар Тоҷикистон бо Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ карда истодаанд. Дар доираи ин кӯшишҳо лоиҳа дар сартосари кишвар телефонҳои бовариро дастгирӣ менамояд. Хадамоти телефонии бовариро дар Душанбе тавассути рақами 918-85-3434 дастрас метавон кард.
Лоиҳаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмак аст, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пуштибонӣ мегардад. Аз соли 1992 Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе ба барномаҳое, ки муассисаҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро пуштибонӣ мекунанд, беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намудааст.
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Размикори тоҷик Сарвар Ҳамидов ба промоушени PFL гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
aloex5 июл, 2012 09:18
xkfgkbvtykjf