Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ сардори хадамот Сафиалло Девонаев изҳор кард, ки хадамот ният дорад, минбаъд ба ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳони араб бештар густариш бахшад.
«Масоили тавсеаи ҳамкориҳо ба давлатҳои хориҷи дур, аз ҷумла кишварҳои ҷаҳони араб дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муносибати ҷиддиро тақозо мекунанд», - таъкид кард вай.
Ҳайати мушовараи хадамот оид ба тақвияти фаъолияти сохтори марбутаи Хадамоти муҳоҷират дар ин масъала қарор қабул намуд.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Хадамоти муҳоҷират ба масоили вазъи ҳифзи ҳуқуқ ва манофеъи муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар, таъмини муҳоҷирон ба касбҳои бозоргиру зарурӣ, омӯзиши забон, огаҳии муҳоҷирон аз қонунгузориву фарҳанг ва оинҳои миллии кишвари будубош таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли мушкилоти мавҷуда дар нимсолаи дуюми соли равон баррасӣ ва қабул шуд.
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Размикори тоҷик Сарвар Ҳамидов ба промоушени PFL гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Мухочир12 июл, 2012 23:55
Бе ватан нест гарибе ки кунад ёди ватан Дар ватан будаи беёди ватан беватан аст Хайфи миллати хору зорам ки дигар дар ватани худ зиндаги карда наметавонад, вой дод аз дасти золимони аср Худоё нигохдорамон бош