То ахири соли равон тамоми корҳои тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе бояд ба анҷом расонида шаванд, - изҳор дошт зимни нишасти хабарӣ муовини директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мирзоҳисайн Султонов.
Ба гуфтаи вай, Нақшаи генералии шаҳри Душанбе солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби меъморони маъруфи шӯравӣ таҳия гардидааст, аммо бо назардошти шароити имрӯза, зимни тасҳеҳ аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ ба он тағйироти назаррас ворид карда мешавад.
«Тибқи Нақшаи нави генералӣ, қаламрави пойтахт аз ҳисоби заминҳои ноҳияҳои Ваҳдату Ҳисор ва Рӯдакӣ се баробар, яъне аз 12,6 ҳазори кунунӣ то ба 36 ҳазор гектар васеъ мегардад», - гуфт ӯ.
М.Султонов гуфт, ҶСК «Гипрогор»-и Маскав, ки моҳи июни соли 2009 дар тендер ғолиб омада буд, ба тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе машғул аст.
Бино ба маълумоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, танҳо баъзе қисматҳои шаҳр мавриди тасҳеҳи пурра қарор мегиранд. Арзиши тасҳеҳи Нақшаи генералии пойтахт, ки соли 1983 қабул шуда буд, 414 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумоти Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумат, тайи панҷ соли ахир аз ҷониби ҳукумат беш аз 30 нақшаи генералии шаҳру марказҳои ноҳия таҳия ва маъқул шуморида шуда, айни замон ҷараёни таҳияи Нақшаҳои генералии боз 10 шаҳру навоҳӣ идома дорад.
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Размикори тоҷик Сарвар Ҳамидов ба промоушени PFL гузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста