Имрӯз дар комбинати шири Кӯлоб хатти нави технологии истеҳсоли кулҷаҳои қандин (печене) мавриди истифода қарор гирифт. Хатти нави технологӣ аз Чин дастрас гардида, иқтидори истеҳсолиаш 1,5 тонна дар як баст аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхона Бозоралӣ Мирзоев хабар дод, дар Соли нав корхона ба аҳолии шаҳр 11 навъи маҳсулоти шириниву қаннодиро пешкаш хоҳад кард.

«Дастрасии чунин хатти пуриқтидори истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба туфайли қарзи имтиёзноки ҳукумати ҷумҳурӣ бо 14%-и солона ба муддати 2,5 сол имконпазир гардид, ки дар ҳаҷми 440 ҳазор сомонӣ тавассути ҶСК «Агроинвестбонк» пешниҳод гардид», - гуфт директори корхона.

Ба қавли Мирзоев, имрӯз дар корхона коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, консерва ва маҳсулоти қаннодӣ амал мекунанд. «Феълан корхона дар як сол ба маблағи умумии 500 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол мекунад ва соли 2013 мо ният дорем, ки ин нишондиҳандаро ду баробар афзун намоем», - иброз дошт номбурда.