Гулчеҳра Фозилова, собиқадори матбуоти тоҷик ва дорандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ дар 74-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Хабари даргузашти ӯро наздиконаш ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд.
Фозилова чанде пеш устухони пояш шикаст ва муддате бистарии бемористон буд ва шаби 31-уми октябр дар хонааш чашм аз олам баст.
Маросими видоъ бо Гулчеҳра Фозилова дар назди хонааш - кӯчаи Шодӣ 6, н. Шоҳмансур (3 база, баъди гардиши “Аэропорт”) баргузор гашта, ӯро баъди намози ҷумъа дар масҷиди “Мелкомбинат” ҷаноза мекунанд.
Гулчеҳра Фозиловаро “духтари газета” мегуфтанд ва беш аз 50 сол дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” (собиқ “Комсомоли Тоҷикистон”) фаъолият дошт.
Соли 2020 заҳматҳои беш аз нимасраи Гулчеҳра Фозиловаро ба назар гирифта, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар Рӯзи матбуоти тоҷик ӯро бо Ҷоизаи Лоҳутӣ сарфароз гардонд.
Дар тули беш аз 50 соли фаъолият барои заҳматҳояш унвонҳои “Аълочии матбуоти Тоҷикистон”, “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон”, “Медали 100-солагии матбуоти тоҷик”, ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанг ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишро соҳиб гардида буд.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бинобар даргузашти Гулчеҳра Фозилова ба наздикону пайвандонаш изҳори ҳамдардӣ баён карда, аз даргоҳи илоҳӣ сабру шикебоӣ мехоҳад.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста