Бар асоси хулосаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти пойтахт ва комиссияи ҷамъиятӣ, дар ҷараёни азнавсозии як қисмати кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе дарахтоне, ки ба корҳои таъмиру барқарорсозӣ монеъа эҷод месозанд, бартараф карда мешаванд.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар робита ба ин раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев қароре ба тасвиб расонид, ки мутобиқи он, дарахтони буридашуда барои истифода ба раёсатҳои тандурустии шаҳр (дар ҳаҷми 150 метри мукааб) ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур (дар ҳаҷми 150 метри мукааб) дода мешаванд. «Дар қарор риояи меъёрҳои экологӣ зимни иҷрои корҳо таъкид шудааст», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки аз аввали моҳи декабр то 30-юми августи соли 2013 ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи аз майдони ба номи Айнӣ то майдони Ғалаба манъ карда шуд. Пас аз таҷдид роҳ васеъ карда мешавад.
Президенти пешини Русия гуфт, қабули кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, ба мактаб қатъ карда шавад
Даргузашти “духтари газета” - Гулчеҳра Фозилова
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Паёмбар ва корвони ташна”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар 9 моҳ суръати рушди ММД дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин шуд”
Вазири корҳои дохилии Русия эътироф кард, ки зердастонаш дар ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ даст доранд
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста